Вохуриҳои судманд

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати корҳои ободонию созандагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бошукўҳ 30 – солагии Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон санаи 16 июни соли равон Вазири  кишоварзии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода бо мақсади  шиносоӣ бо рафти омодагиҳо  бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Дурбат, Деҳқонобод, Сомон, Навобод, Мирзо Ризо ва Мирзо Турсунзода  суҳбату вохўриҳо баргузор гардид.

Роҳбарони гурўҳҳои корӣ аз натиҷаҳои фаъолияти даҳрўзаашон ҳисобот дода, фикру дарҳостҳои мардумро бо назардошти мушкилоту имкониятҳо ҷиҳати корҳои ба нақша гирифтаашон шарҳу тавзеҳ доданд.

Дар вохўриҳо сокинони диёр бахусус соҳибкорони ҳимматбаланд аз ин иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хуш истиқбол намуда, омодагии худро баҳри анҷоми корҳои муҳим аз қабили таъмири роҳҳо, хатҳои барқ, сохтани мактабу синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммому сартарошхона, ошхонаю нонвохона ва дигар иншооти зарурии иҷтимоии рўзгори мардум иброз доштанд.

Вазири кишоварии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода аз пешниҳоду дархостҳои  аҳли диёр  бахусус соҳибкорон  изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати дастгирии онҳо  баҳри саривақт ҳуҷҷатгузорӣ намудан тариқи равзанаи ягона ва бо сатҳу сифати баланд амалӣ намудани  иқдомҳои бунёдкоронаю  созандаи  сокинон  маслиҳатҳои  судманд доданд.

Мулоқоту вохўриҳо дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр идома доранд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru