Тоҷикистон – Ваҳдатат поянда бод,

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинохт ва муқаддасии ваҳдати миллиро борҳо дар суханрониҳои худ таъкид намуда, ҳаёти ҷовидонро дар ваҳдат ва саодати ҷовидонро дар меҳру муҳаббат донистаанд ва барҳақ зикр намудаанд: «Мо-тоҷикон таърихан миллати фарҳангӣ ва халқи сулҳпарвару сулҳовар ҳастем. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу дастгири қарор гирифта, чун падидаи нодири фарҳанги сулҳофарӣ пазируфта шудааст. Ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеа ҷаҳонӣ ташабуссҳои Тоҷикистонро доир ба ҳалли масоили муҳими минтақа ва ҷаҳон истиқбол менамояд. Ин ҳама аз нуфузу аҳамият ва мақому мартабаи Созишномаи сулҳи тоҷикон шаҳодат медиҳад».

Воқеан, миллати тоҷик бо сарварию ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳони сангини ҷанги шаҳрвандӣ бо маърифати беназири инсонӣ ва суботу оромӣ сарбаландона гузашта, муноқишаҳои сиёсиро бо сулҳу якдигарфаҳмӣ ба анҷом расонида, мисоли камназири ҳалли мусолиҳатомези ҷанги шаҳрвандиро ба ҷаҳониён нишон дод – иброз дар суханронии худ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ.

Баъдан барномаи консертии аҳли фарҳанги шаҳр, ки саршор аз оҳангу тарона ва суруду намоишномаҳои баёнгари ваҳдат, дӯстиву бародарӣ ва шинохти Ватану ғояҳои худогоҳии миллӣ буд манзури аҳли нишаст гардид.

Бо шукргузори аз фазои орому осуда ва рӯзгори саршор аз неъмат зикри он дорем, ки Ваҳдат шиори имрӯзӣ фардобахши буда, ҳар комёбиву дастоварде, ки дар замони соҳибистиқлолии худ мардуми мо ноил гардиданд, бо шарофати Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ аст.

Сокинони шаҳри Ҳисор ва ҳамдирони азизро  бо  солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, тани сиҳату рӯзгори обод, эҳсосу ғурури баланди ватандорӣ  ва ифтихор аз  пойдории Ваҳдати халқи азизамонро таманно дорем.

Рӯзи ваҳдати миллӣ, муборак ҳамдиёрони азиз.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru