Нигоҳи ошно

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Бо раҳнамоии раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Убайдуллоев   меҳмонон аз Ҷумҳурии Ўзбекистон, ки бо мақсади иштирок дар таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада буданд, ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар остонаи Арки қалъаи Ҳисор меҳмонон – мушовири Вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ўзбекистон, сафири Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳонашонро пешвоз гирифт.

Меҳмонон аз Мамнўъгоҳи таърихию фарҳангии қалъаи Ҳисор дидан намуда, ба фарҳангу таърихи ин сарзамини куҳанбунёд мароқи хос зоҳир карданд ва дар китоби хотироти муассиса бардошти худро худро зикр намуда, аз ҷумла баёни он доштанд: Осори таърихии миллати худро ҳифз намудану ба наслҳои оянда мерос гузоштан фазилати олии инсонӣ маҳсуб ёфта, ифтихор намудан аз фарҳанги хеш намунаи баланди миллатдўстии ҳар фард аст.

Намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз истиқболи гарми шаҳрдорӣ изҳори хушнудӣ намуда, барқароршавии пайванди дӯстиву ҳамкориро аз шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дониста, арзи он доштанд, ки таҳкими дӯстиву бародарӣ барои ҳар ду ҷониб судманд ва ҷовидона идома хоҳад ёфт.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru