ДИҚҚАТ ОЗМУН!

http://www.zoofirma.ru/

Санаи 27 июли соли 2018 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд:

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Ҳисор - мудир (1 воҳиди корӣ); - сармутахассис (1 воҳиди корӣ); - мутахассиси пешбар (1 воҳиди корӣ);

Шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва савдои шаҳри Ҳисор - мутахассис (1 воҳиди корӣ);

Бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ - мутахассиси пешбар (1 воҳиди корӣ);

Раёсати кишоварзӣ - сармутахассис (зоотехник, 1 воҳиди корӣ); - мутахассиси пешбар (оид ба муҳосибот, 1 воҳиди корӣ);

Бахши рушди сайёҳӣ - мутахассиси пешбар (1 воҳиди корӣ); - мутахассис (1 воҳиди корӣ);

Ҷамоати деҳоти Ҳисор - нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ (1 воҳиди корӣ);

Ҷамоати деҳоти Дурбат- сармутахассис (муҳандис-заминсоз, 1 воҳиди корӣ); - мутахассиси пешбар (ҳисобчӣ-андозғундор, 1 воҳиди корӣ); - мутахассиси пешбар (кор бо занон ва ҷавонон, 1 воҳиди корӣ); - нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ (1 воҳиди корӣ); - мутахассис (1 воҳиди корӣ);

Ҷамоати деҳоти Сомон - сармутахассис (оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, 1 воҳиди корӣ);

Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Куҳӣ - нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ (1 воҳиди корӣ); - мутахассиси пешбар (ҳисобчӣ – андозғундор, 1 воҳиди корӣ);

Ҷамоати деҳоти Навобод - нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ (1 воҳиди корӣ);

Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо - сармутахассис (муҳандис-заминсоз, 1 воҳиди корӣ);

Ҷамоати деҳоти Ориён - сармутахассис (муҳандис-заминсоз, 1 воҳиди корӣ);


ТАЛАБОТҲОИ ТАХАССУСӢ

барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот

1. Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи сеюм:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

2. Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи панҷум:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

3. Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи шашум:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

4. Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи ҳафтум:

– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Номгўи ҳуҷҷатҳое, ки барои иштирок дар озмун заруранд:

1.Варақаи шахсӣ

2.Тарҷумаи ҳол

3.Нусхаи шиноснома

4.Нусхаи диплом

5.Маълумотнома тиббӣ (Ф-86)

6.Расм 3х4   4 дона

7.Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ

8.Нусхаи рақамаи мушаххаси андозсупоранда (ИНН)

9.Нусхаи билети ҳарбӣ

10.Маълумотномаи надоштани доғи судӣ

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба телефонҳои зерин муроҷиат намоед:

(8-31-39) 26-3-00, 25-3-61, 25-3-02

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru