ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз325
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1861
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта325
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13109
mod_vvisit_counterҲамин моҳ25572
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта56757
mod_vvisit_counterҲамагӣ1120979

Баргузории иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати панҷум

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

 

Санаи 17 июл дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсат, шӯъбаю бахшҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, роҳбарони ташкилотҳои шаҳрӣ, корхонаҳои саноатӣ, раисони хоҷагиҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати панҷум баргузор гардид.

Ба кори иҷлосия раиси шаҳр, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода оғоз бахшид ва пас аз садо додани Суруди миллӣ вакилонро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд:

Масъалаҳои «Дар бораи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП 1059 “Дар бораи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” , «Дар бораи рафти иҷрои “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”», «Ахбороти комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор оид ба риояи қонуният ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон” , «Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор аз ҳавзаи интихоботии «Ҷавонон» №13 оид ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ», «Дар бораи ба муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ табдил додани филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр барои нимсолаи аввали соли 2018» ва  «Тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Ҳисор»-ро вакилон мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дода, доир ба масъалаҳои зикршуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП 1059 “Дар бораи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз масъалаҳои муҳиме маҳсуб меёбад, ки мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт ва раиси  шаҳр Шарифҷон Ҷумазода 406 иншооти ҷашниеро, ки сокинони шаҳр азми ба ифтихори ин ҷашни таърихӣ бунёд карданро доранд, мавриди омӯзиши вакилон қарор дода, аз вакилон ва фаъолон даъват бар он дошт, ки барои амалисозии нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ бештар масъулиятшинос бошанд.

Муовини якуми вазири кишоварзии Тоҷикистон Нозанинзода Нусратуллоҳ дар кори иҷлосия ширкат намуда, иқдоми созандагии соҳикорону сокинони шаҳро хуб арзёбӣ намуда, таъкид бар он дошт, ки Ҳукумати мамлакат омодааст бо мақсади ривоҷи корҳои созандагӣ ва ободии диёр дар ҳама самтҳои фаъолият кӯмакрасон бошад.



 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru