Пазироии ҳайати парлумони Чех дар Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Охири ҳафтаи гузашта Раиси палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачек, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, аз Қалъаи бостонии Ҳисори Шодмон дидан намуданд.

Дар ҳавлии  Регистони мамнугоҳи Қалъаи Ҳисор меҳмонони олиқадрро Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода хуш истиқбол гирифта, ташрифи онҳоро ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт.

Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати Чехия ҳанӯз аз давраҳои шӯравӣ равобити зичу дӯстонаи ҳамкорӣ дорад. Дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон  барои озод намудани ин давлат аз асорати фашизм даҳҳо ҳамватанони мо иштироку ҷоннисорӣ намудаанд. Имрӯз, дар давраи соҳибистиқлолӣ равобити ду кишвар дар ҷанбаҳои  мухталифи ба ҷонибҳо судманд ривоҷу тавсеа меёбанд.

Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бо Ян Ҳамачек қайд гардид, ки ҷониби Тоқикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Чехия таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ҷонибҳо аз раванди густариши робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Чехия изҳори қаноатмандӣ карда, ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, комплекси агросаноатӣ, маориф ва сайёҳӣ пешниҳодҳои судманд баён намуданд.

Дар Қалъаи бостонии Ҳисор Ян Ҳамачек ва ҳайати ҳамроҳонаш  вориди Арк гардида, бо рафти сохтмони Қасри Ҳокиму дигар иншооти солҳои охир таъмиру азнавбарқароргашта  шинос шуданд. Ҳамчунин аз таърихи бекигарию ҳокимони Ҳисор ва тохтутози аҷнабиёну муқовимати сокинони он дар замонҳои мухталиф огаҳӣ пайдо намуданд.  Дар осорхонаи таърихию фарњангии мамнугоҳ  меҳмонон нигораҳои нодири онро, ки таъриху фарҳанги зиёда аз 3000 солаи Ҳисори бостонро дар худ таҷассум намудааст, бо мароқи зиёд тамошо карданд.

Рақсу таронаҳои аз ҷониби ҳунармандони филармонияи халқии шаҳри Ҳисор пешниҳодгардида ба меҳмонон табъу фароғати  хушу хотираи нек боқӣ гузошт.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru