ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз362
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1861
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта362
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13109
mod_vvisit_counterҲамин моҳ25609
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта56757
mod_vvisit_counterҲамагӣ1121016

Нишасти матбуотии раиси шаҳри Ҳисор бо намояндагони воситаҳои ахбор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти давлатӣ» 2 августи соли ҷорӣ нишасти матбуотии раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода бо намояндагони воситаҳои ахбор баргузор гардид, ки иҷрои ин амал ҳамкорӣ ва равобити мақомоти давлатиро бо ВАО хеле густариш бахшида, ба беҳтар шудани фазои иттилоотӣ ва дастрасӣ ба иттилооти расмӣ, таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум мусоидати бештар хоҳад намуд.

Пас аз шиносоӣ бо тартиби баргузорӣ ва баррасии саволу дархости рӯзноманигорон дар нишасти матбуотие, ки санаи 13 феврал баргузор гардида буд, раиси шаҳри Ҳисор оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти иқтисодию иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар нимсоли аввали 2018 суханронӣ намуд ва мавсуф аз ҷумла зикри он дошт;

«Қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр ба андозаи 101,3 фоиз таъмин гашта, дар ин давра ба буҷет 76 миллиону 30 ҳазор сомонӣ маблащ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 998 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2017, 11 миллиону 574 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисобӣ 50 миллиону 915 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, ба буҷет 51 миллиону 127 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки ин 100,4 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил дода, нисбат ба нақшаи пешбинишуда 212,0 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2017,  ба миқдори 5 миллиону 623 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои щайрибуҷетӣ дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 101,5  фоиз таъмин гардида, ба буҷет 20 миллиону  589 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 281 ҳазор сомонӣ зиёд  мебошад.

Дар давраи ҳисоботи иҷроиши 1 намуди андоз таъмин нагардид, ки аз ин ҳисоб ба буҷет 2 миллиону 180 ҳазор сомонӣ кам маблащ ворид гардидаст.

Дар  давраи ҳисоботи  гардиши савдои чакана бо нархҳои муқоисавӣ  512,5   миллион сомониро ташкил намуда, ҳаҷми иҷрои хизмати пулаки ба аҳолӣ 69,8  миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои солҳои дахлдор 107,0 фоиз ва бо индекси нархҳо 101,2 фоизро ташкил медиҳад.

Маблащи пасандозҳо бошад, дар ин давра 53 млн. 52 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 млн. 348 ҳазор  сомонӣ зиёд шудааст...

Корхонаҳои саноатӣ бо назардошти тадқиқотҳо бо нархҳои амалкунанда дар шашмоҳаи аввали соли 2018 ба маблащи 86,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017, 24,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар шаш моҳи соли 2018 ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолкардаи кишоварзон зиёда аз  229 млн. сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106,2 фоизро ташкил менамояд.

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида дар самти растанипарварӣ 136 млн. 164 ҳазор сомонӣ ва дар самти чорводорӣ 92 млн. 837 ҳазор сомониро ташкил намуда, нисбатан ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи растанипарварӣ ба андозаи 109,5 фоиз ва чорводорӣ 101,7 фоиз зиёд мебошад.

Дар нимсолаи аввали соли 2018 хоҷагиҳои пахтакорӣ шаҳри Ҳисор сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти рушди соҳаи пахтакорӣ ҷонибдорӣ намуда, аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, то имрўз мувофиқи маълумотҳои омории дастрасгардида дар майдони 2714 гектар кишти пахта гузарониданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1712 гектар зиёд аст.

Ҳамин тавр шаҳрдори Ҳисор ҳамаи самтҳои хоҷагидории шаҳрро мавриди баён қарор дода, таъкид бар он дошт, ки дар шаҳр бахшида ба таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёди 608 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шуда, корҳои ҳуҷҷҷатгузорӣ ва сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Баъдан намояндагони воситаҳои ахбор ба пурсишҳои худ аз раиси шаҳр посух гирифта, ҳамрайъии худро дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд. Маълумоти бештареро аз баргузории нишасти матбуотии раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода бо намояндагони воситаҳои ахбор тавассути бардошт ва навиштаҳои аҳли қалам аз рӯзномаву маҷҷала ва радиою телевизион   дарёб хоҳед кард.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru