ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз400
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1861
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта400
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13109
mod_vvisit_counterҲамин моҳ25647
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта56757
mod_vvisit_counterҲамагӣ1121054

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастоварҳои назаррас пешвоз мегирем.

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Бо мақсади таҳия, такмил, омӯзиш ва дар сатҳи баланди маънавӣ таҷлил намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат муҳтарам Азим Иброҳим, раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода, сардорони раёсату шӯъбаҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаву ташкилотҳо, соҳибкорон, директорони муасссисаҳои таълимӣ, соҳибкорон, раисони хоҷагиҳо, ҷамоатҳо ва намояндагони воситаҳои ахбор ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода нақшаи чорабиниҳоро бахшида ба ин ҷашни таърихӣ мавриди таҳлил қарор дода, зикри он дошт:

“Мардуми сарбаланди кишвар, аз ҷумла сокинони шаҳр хуб огоҳанд, ки дар идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ ва бо мақсади дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат сокинони ватани маҳбубамонро вазифадор намуданд, ба ин ҷашни таърихӣ аз ҳоло омодагиро оғоз намуда, барои ободии диёр, бунёди муассисаҳои таълимӣ, таъмири роҳҳо, иншоотҳои иҷтимоӣ ва таъсиси корхонаву сехҳои истеҳсолӣ саъю талош варзанд. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Раиси шаҳр аз 9 феврали соли ҷорӣ, таҳти №70 бо номгӯи нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардид ва иловатан санаи 30 апрели соли ҷорӣ амри Раиси шаҳр таҳти №70 ба тасвиб расида, дар асоси он панҷ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд ва барои омӯзиш ва таҳияи нақшаи чорабиниҳо ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва 162 деҳа сафарбар гардида, бо аҳолӣ сӯҳбат карданд ва дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони маҳал нақша чорабинҳоро таҳия намуданд.

Дар шаҳр ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 9 муассисаи таълимӣ, 65 синфхонаҳои иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шудааст ва барои иҷрои ин амал имконият ҳаст ва дар сурати амалӣ гардидан мо метавонем ба яке аз масъалаҳои ҳалталаби шаҳр фароҳам овардани шароит дар соҳаи маориф ва омӯзиши илму фан беҳбудӣ бахшем.

Бахшида ба ин ҷашни таърихӣ ва дар ин замина барои муҳайё намудани хизматрасонии тиббӣ дар шаҳр таъмир ва бунёди 42 муассисаҳои тиббӣ, 5 клиникаҳои хусусӣ, 2 – таваллудхона ва 22 дорухона дар назар аст ва сари ин масъала вақте мо бо аҳолӣ ва соҳибкорон сӯҳбат кардем онҳо омодаанд дар бунёди ин иншоотҳои ҳаётан муҳим саҳмгузор бошанд...

То арафаи ҷашн дар шаҳр бояд 22 майдончаҳои варзишӣ ва 14 толори варзишӣ сохта ба истифода дода мешавад ва иҷрои ин амал метавонад симои шаҳру деҳотро дигаргун ва ҷалби ҷавононро ба варзиш дучанд намояд...

Дар идомаи корҳои амалӣ гардида, дар ояндаи наздик бунёди 4 коргоҳи хурд, 30 сехи дӯзандагӣ ва 4 маркази адрасу атласбофӣ дар нақша аст ва барои бо ҷои корӣ доимӣ таъмин гардидани занону духтарони деҳот иҷрои ин амал тадбири судманд ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин бунёди якчанд ҳамом, ошхонаву тарбхона, таъмиру пулу роҳҳо, иваз кардани симчӯбҳои фарсуда шуда, бунёди боғу токзор ва сардхонаву гармхона дар маҷмӯъ 618 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки иҷро шаванда аст.”

Баъдан муовини Сарвазири мамлакат муҳтарам Азим Иброҳим бо аъзоёни гурӯҳҳои корӣ, номояндагони соҳаҳо, сардорони корхонаву хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ нақшаи чорабиниҳои ҷашниро муфассал мавриди таҳлил қарор дода, барои беҳбудии кор ва оғози амалҳои бунёдкориву созандагӣ дастуру маслиҳати муфид пешниҳод кард ва аз муҳокимаи масъала соҳибкорони шаҳр илҳоми тоза гирифта иловатан боз бунёди беш аз 10 иншоотҳои ҷашнӣ аз қабили бунёди синфхонаҳои иловагӣ, муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои томактабӣ, майдончаҳои варзишӣ, сехҳои дӯзандагӣ, иморатҳои баландошёна ро ба зимма гирифтанд ва шумораи иншоотҳои ҷашнӣ беш 630 ададро фарогир шуд.

Дар хотимаи кори ҷаласа раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода дар симои муовини Сарвазири мамлакат муҳтарам Азим Иброҳим Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эътимод бахшид, ки мардуми сарбаланду меҳнатдӯсти шаҳри Ҳисор бо анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ, сохтмони иншоотҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои дар пешистодаро дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ таҷлил менамоянд ва бо ин васила дар пешрафт ва рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон саҳми муносиби худро мегузоранд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru