Бозори «Самоҳ» - оинаи шаҳр

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Дар шафати «Роҳи  абрешим» ҷойгир шудани шаҳри Ҳисор гувоҳӣ он аст, ки аз гузаштаи дур то рӯзгори мо сокинони ин марзи кӯҳанбунёд ба тиҷорат ва бунёди бозору фурӯшгоҳи минтақавӣ машғул буданд ва  тоҷирони  Ҳисорӣ  хеле  барвақт  чорво, зироат, мева ва маҳсулоти дастидӯхти худро барои фурўхтан ба  Бадахшон,  Балх, Нишопур, Суғд, водии Фарғона, Бухоро, Марв, Эрон ва дигар минтақаҳои олам барои фурӯш мебурданд ва аз он ҷойҳо ба Ҳисор маводҳои   ниёзи  мардум,  аз қабили  чой, шириниҳо ва матоъҳои гуногун меовардаанд. Дар Регистони шаҳри Ҳисор аз қадим бозор воқеъ буд, ки ба ин ҷо тоҷирони дигар манотиқи олам тиҷорати худро доштанд…

Дар замони мо низ шаҳри Ҳисор яке аз манотиқи тиҷоратии кишвар ба ҳисоб рафта, бозори замонавии «Самоҳ» ки дар он фурӯши ҳама гуна молу маҳсулот ба роҳ монда шудаву сохтмон дар ин иншооти ҳаётан муҳим идома дорад, мақоми шаҳри тоҷирон будани Ҳисорро ба хубӣ ҳифз менамояд. Дар идомаи корҳои сохтмонӣ бо мақсади татбиқи сиёсати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба Соли рушди сайёӣҳ ва ҳунарҳои мардумӣ маъмурияти бозор тасмим гирифтааст атрофи бозорро ободу зебо, ҷавобгӯй ба талаботи сайёҳону харидорони маҳаллӣ намояд ва имрӯзҳо кор дар шафати шоҳроҳи Ҳисор- Душанбе босуръат идома дорад. Дар ин замина барои фароҳамоварии шароит ба харидорон маъмурияти бозор дар заминкани бино истгоҳеро барои хизматрасонӣ ба 780 нақлиётӣ сабукрав бино кардааст ва шаҳрвандоне, ки барои харид ва фаъолияти тиҷоратӣ ба бозор меояд, метавонад аз хизматрасонии ин истгоҳи замонавӣ истифода баранд. Иҷрои ин амал агар аз як ҷониби ба бехатарии нигоҳдошти нақлиёти шаҳрвандон мусоидат намояд, аз ҷониби дигар ҳаракати бемамонияти шаҳрвандон ва нақлиётро дар атрофи бозор ва роҳҳои нақлиётгар таъмин хоҳад кард.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо маъмурияти бозори «Самоҳ» тасмим гирифтааст, шоҳроҳи мазкурро ба як минтақаи зебо ва гулгашту шукуфон табдил дода, симои бозор ва хизматрасониро ба аҳолӣ мувофиқ ба талаботи замон амалӣ намояд.

Бо эътимод метавон гуфт, ки бозори «Самоҳ» дар ояндаи наздик ба оинаи шаҳр – таҷассумгари маърифати шаҳрдорӣ, маркази тиҷорат ва баёнгари ҳастии ин марзи куҳанбунёд табдил хоҳад ёфт.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru