Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Санаи 23 феврал сокинони шаҳи Ҳисор Рӯзи Артиши миллиро бо ифтихор аз соҳибистиқлолию якпорчагии Ватани азизи худ дар толори Қасри фарҳанг ҷашн гирифтанд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намуда, рисолати касбии худро ба ҷо меорад ва дар таъмини зиндагии орому осуда, сулҳу ваҳдати комил, амнияти миллӣ, якпорчагӣ ва пойдории давлати соҳибистиқлоламон саҳми таърихӣ ва беназир дорад. Онҳо ҳамеша ба ҳифзи Модар - Ватан ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омода буда, Ватанро ҳамчун модари худ дӯст медоранд ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт менамоянд- зикр дошт дар суханронии худ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода.

Баъдан чанд нафар аз фаъолони соҳаҳои мухталиф барои саҳми назаррас дар тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ бо Сипосномаи раиси шаҳр сарфароз гардиданд. Барномаи консертӣ, ки фарогири суруду оҳангҳои дӯстдории Ватан ва худогоҳию хештаншиносӣ буд аз ҷониби ҳозирин хуш пазируфта шуд.

Ҷовидон бод Тоҷикистон бо Артиши сулҳпарвар ва боқудрати худ.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru