Ҷашни табибони ҳозиқ дар шаҳри Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 7
  • Минбаъда

Илми тибб дар сарзамини кӯҳанбунёди мо таърихи беш аз ҳазорсола дошта, дар замони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пешбурд ва дастгирии соҳаи тибб яке аз самтҳои муҳими сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давлат ва ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.

Ба кормандони соҳа, табибони шифокору шифоёри шаҳр, ки дорои бошарафтарин касби инсонӣ ҳастанд ин санаи фархундаро табрику таҳният намуда, барояшон саодати рӯзгор, бахту иқболи баланд ва хушиҳои зиндагиро таманно дорам-иброз дошт дар суханронии худ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода

Бо зикри дастовардҳои табибони шаҳр ва корҳои дар ин самт ба анҷом расида, раиси шаҳр дар идомаи суханронии худ баёни он дошт, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёду таъмиру тармими 38 бунгоҳи тиббӣ,  сохтмонӣ 3 клиникаи хусусӣ, як таваллудхона ва 9 дорухона ба нақша гирифта шудааст, ки иҷрои ин амал сатҳи хизматрасонии соҳаро боз ҳам хубтар хоҳад кард. Бунёди беморхона бо 205 кат дар маркази шаҳр идома дошта, дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани он на танҳо шароити хизматрасонӣ ҳамчунин таъминот бо технологияи замонавӣ низ ҳалли худро хоҳад ёфт.

Кормандони тибб, ки дар ҷойҳо, маҳалҳо, ҷамоатҳои деҳот  бевосита бо халқ сару кор доранд, баробари адои вазифаи касбӣ онҳо бояд чун узви фаъоли ҷомеа ба ободониву тозагии муҳити атроф, дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои деҳот баҳри солимӣ ва устувории оилаҳо, ҳизфи саломатии онҳо новобаста аз муроҷиаташон маслиҳатҳо бояд диҳанд.

Эътимоди комил дорам, ки кормандони соҳа минбаъд низ дастовардҳои худро афзун намуда, баҳри саломатии аҳли ҷомеа ва ояндаи неки онҳо шоиста меҳнат менамоянд, зеро ба дарди беморе шифо, ӯро ҳамдамию тасаллои дигар бахшидан шарафи бузург аст, ки ба шумо табибони арҷмандро ин шараф насиб гардидааст.

Баъдан барномаи фарҳангии аҳли ҳунари шаҳр манзури табибон ва аҳли толор гардид, ки саршор аз суруду оҳангҳои марғуб ва фарогири щояҳои инсондӯстию эьтироми муқаддасоти кишвар буд.

Иди касбӣ муборак-ворисони Сино

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru