Сарчашмаи ифтихор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 10
  • Минбаъда

Шаҳрдори Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода бахшида 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 нафар пешсафони ҷомеаро аз соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, соҳибкорон ва сохторҳои қудратӣ бо Ифтихорномаи раиси шаҳр қадршиносӣ намуд.

«Қадршиноси намудани меҳнаткашони арзандаи соҳаҳои гуногун аз ҷониби давлату ҳукумат боиси пешрафти босуботи ҷомеа мегардад.

Дар партави сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор низ пайваста кӯшиш дорад, нафароне, ки дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, пешрафти илму техника саҳмгузор ҳастанд аз ҳар ҷиҳат қадршиносӣ намояд.

Омӯзиши собиқаи кори роҳбарони соҳибмактаб, шахсони фозилу доно мисли чарощи равшанест, ки роҳи зиндагӣ инсонро бо роҳи такомули худ ошно мекунад ва ба мақсади аълои башарият мерасонад…

Бо раҳнамоию раҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти 27-соли соҳибистиқлолии кишвар сокинони Тоҷикистон дар роҳи ободии кишвари азизамон ба натиҷаҳои нек мушарраф шуданд ва таърих собит менамояд, ки мардуми мо аз замони бостон бо тамаддуну фарҳанг ва адабу сухани худ дар роҳи ободию оромии аҳли башар хизмати шоиста кардаанд ва насли имрӯз низ бо такя ба хиради аҷдодӣ тавонист Тоҷикистонро чун  сарзамини шукуфон, тамаддунофар ва соҳибсиёсату соҳибмақом муаррифӣ намояд. Шумо низ аз зумраи нафаронед, ки дар роҳи пиёдасозии олитарин ормонҳои миллӣ ва сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, хизмат ва мақоми шоиста доред.

Рӯшан аст, ки бо ҳидояту дастури оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар саросари мамлакат корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза касб карда, бахшида ба ҷашни 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳи 33 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст ва дар маҳаллаи +ртабузи Ҷамоати шаҳраки Шарора бинои тозабунёди муассисаи таълимии замонавӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Дар роҳи ободонию шукуфоии шаҳр ин корҳои ниҳоӣ нест ва мо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 613 иншооти ҳаётан муҳимро дар деҳаву маҳаллаҳои аҳолинишин ба нақша гирефтем ва шумо пешсафону мутахассисони соҳибтаҷриба бояд дар амалисозии ормони олии сокинони шаҳр таҳти унвони “Якдил шавему мулк обод кунем” шоистаи ибрат ва раҳнамои аҳли ҷомеа бошед.

Ба муносибати қадршиносӣ бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатӣ шуморо сидқан муборак гуфта, бароятон саодати рӯзгор ва фатҳи қуллаҳои азими меҳнатиро таманно дорам- зикр дошт дар суханронии худ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода

Ҷовидон бод Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон- ҳамдиёрони азиз.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru