ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз374
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1861
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта374
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13109
mod_vvisit_counterҲамин моҳ25621
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта56757
mod_vvisit_counterҲамагӣ1121028

Табрикоти Раиси шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

http://www.zoofirma.ru/

Ҳамшаҳриёни арҷманд,

Фарорасии 27-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли сокинон сидқан табрику таҳният гуфта, барои ҳар фарди соҳибдилу озоди шаҳр саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо таманно менамоям.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди таҳкими сулҳу субот ва давлатсозиву давлатдории навин касб намуда,  таблиғи ҳуввияти милливу ифтихори ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ба шоҳроҳи созандагиву ободонии сарзамини аҷдодӣ сафарбар намудани мардум аз самти муҳими сиёсати Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо қарор гирифтааст.

Мавриди зикр аст, ки дар ин самт дар шаҳри Ҳисор низ корҳои назаррас ба анҷом расидааст. Аз ҷумла, барои дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳр бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани беш аз 600 иншооти таъминоти иҷтимоиву истеҳсолӣ дар назар аст. Чавобан ба ғамхорию дастгириҳое, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат нисбати соҳибкорони ватанӣ иброз гардида буд, соҳибкорони бонангу ор ва сокинони босаховату бунёдкори шаҳри Ҳисор ба чанд иқдоми наҷиб, аз қабили бунёди корхонаҳои саноатӣ, марказҳои фароғативу савдо, муассисаҳои таълимию тиббӣ, варзишгоҳҳо, мағозаву ҳамом, чойхона, обод кардани роҳҳу пулҳо азм намуданд, ки иҷрои ин амалҳо дар баробари симои маҳал ва марказҳои аҳолинишинро дигаргун намудан, барои таъмини аҳолӣ бо ҷои кор ва фаровонии маҳсулоти ниёзи мардум мусоидат хоҳад кард.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки ибтидои қарни ХХ1 ва ҳазорсолаи сеюм тавассути талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо шоҳроҳи таҳкими истиқлолияти кишвар, пойдории сулҳу субот, таъмини рушду нумўи давлатдории миллӣ ва кишвари соҳибистиқлолро муҳайё намуда,  сокинонро ба  ояндаи неку осуда, зиндагии сарбаландона  ва ба ояндагон ба мерос гузоштани давлати мутамаддини ҷаҳонӣ мутмаин сохт.

Эътимод ба он дорам, ки бо шарофати меҳнати софдилонаи  халқамон, аз ҷумла сокинони диёри бостониву биҳиштосои Ҳисор  нуфузу эътибори Ватани азизамон - Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд гардида, бузургтарин дастоварди миллатамон – Истиқлолияти давлатӣ поянда ва ҷовидон бимонад!

Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ муборак ҳамшаҳриёни азиз!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru