Ифтитиҳои бинои муассисаи таълимӣ дар Ҷамоати шаҳраки Шарора

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 12
  • Минбаъда

Дар  Ҷамоати шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода бинои тозабунёди муассисаи умумии таълимии №142 мавриди истифода қарор гирифт. Чорабинии ҷашниро раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ифтитоҳ бахшид ва баъдан Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Раслузода устодон, хонандагон ва истиқоматкунандагони ин деҳаи навбунёдро бо 27-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли нави хониш ва мавриди истифода қарор гирифтани бинои муассисаи таълимӣ маборак гуфта, аз ҷумла зикри он дошт: “Рушди маориф, бунёд ва таъмири бинои муассисаҳои таълимӣ, таъмини онҳо бо лавозимоти хониш, баланд бардоштани савияи дониш ва таъмини соҳа бо мутахассисони соҳибмаълумот аз самти муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки дар роҳи иҷрои он давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат мо ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаем.

Ин  маскани маърифат, ки сохтмони он соли 2017 оғоз гардид, бо сифати аъло иборат аз дуошёна, 32 синфхона, китобхона, ҳуҷраи тиббӣ, толори варзиш, майдончаи варзишӣ, варзишгоҳ, ду ошхона аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Корвони аср» бунёд гардидааст ва ман аз номи худ ва Ҳукумати мамлакат ба аҳли ин ҷамъият, бинокорон, сохтмончиён ва махсусан ба раиси ҷамъият  Ҳасанов Абдулло барои чунин иқдом ва иҷрои кори хайр изҳори сипосу эҳтиром дорам...

Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони мамлакат корҳои ободонию созандагиро дар ҳамаи соҳаҳо вусъати тоза бахшида, дар шаҳри Ҳисор низ бунёди беш аз 600 иншооти таъиноташон гуногун дар назар аст. Ман ба саховату футувватмандии сокинони ин шаҳри кӯҳанбунёд эътимоди қавӣ дорам ва умед бар он аст, ки то соли 2021 шаҳри Ҳисор симои худро куллан дигаргун намуда, ба як минтақаи пешрафти саноативу кишоварзӣ табдил хоҳад ёфт”

Пас аз суханронии намояндагони собиқадорон, устодон ва сокинони  деҳа раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода ҷавобан ба  сиёсати оқилонаву маорифпарварона ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат аз номи сокинони шаҳри Ҳисор изҳори эҳтиром намуда, ба Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода  баён он дошт, ки маорифчиёни шаҳр омодаанд, дастуру супориш ва ҳидояти баёнгардидаро амалӣ намуда, соҳаи маорифро ба як соҳаи пешрафт ва шамси рӯшангари рӯзгори имрӯзу фардои миллат муаррифӣ хоҳанд кард.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru