ТАБРИКИ Раиси шаҳр бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ

http://www.zoofirma.ru/

Арҷгузорӣ ба осору зиндагиномаи бузургони миллат дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба як самти муҳими сиёсати адабпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ табдил ёфтааст, ки дар оғози ин амал номи устод Рӯдакӣ ҳамчун зиннатбахши силсилаи донишмандону бузургмардон, рамзи истиқлолхоҳӣ, бедориву хештаншиносӣ, забон ва фарҳанги куҳанбунёди мо қарор дорад.

Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷодиёти ин нобиғаи оламшумул нашр ва равшану возеҳтар барои наслҳои имрӯз боз ҳам ҷилвагар ва дастрас гардид.

Устод Рӯдакӣ аввалин шоири дар воқеъ миллии тоҷик аст, ки бо эҷоди ашъори олӣ, таблиғи арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ ва корбасти калимаву таркибҳои содаву равони тоҷикӣ шеъри моро ба авҷи аъло бардошт ва кохи пуршукӯҳу бегазанди адабиёти тоҷику форсиро бунёд гузошт. Устод Рӯдакӣ дар оғози давлатдории тоҷикон мақоми сухани тоҷикиро ба арши аъло расонида, истиқлолияти адабиёти тоҷикиро фароҳам овард ва адабиёти моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, аҳли оламро ба сулҳу дӯстӣ, адолат, баробариву бародарӣ, озодандешӣ ва ҳамбастагӣ ҳидоят кард ва имрӯз ҳам осори оламгири шоир ҳамчун рамзи ваҳдати фарҳангӣ ба мардуми олам хизмат менамояд.

Бо ифтихор аз мероси бузурги Рӯдакӣ аҳли фарҳангу эҷод, кулли адибон, қаламкашону эҷодкорони шаҳр ва ихлосмандони адабиёти пурғановати тоҷикро бо Рӯзи Рӯдакӣ табрик намуда, барояшон ҳаёти осудаву шукуфон, эҷоди асрҳои пурмазмун, парвози баланди эҷодӣ ва меҳру муҳаббати бепоён нисбати имрӯзу фардои зиндагиро таманно дорам.

Рӯзи Рӯдакӣ муборак, суханварону суханшиносони арҷманд!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru