Дӯстдорони Ватан

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Дар ин лаҳзаҳои хотирмон мехоҳам барои ҷавононе, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифа ва қарзи шаҳрвандии худ дониста, имрӯз барои адои қарзи ҷавонмардии худ ҳозир шуданд, изҳори эҳтиром намоям ва дар адои қарзи шаҳрвандӣ, ҳимояи марзу сарҳади Ватани азизамон - Тоҷикистон барояшон роҳи сафед ва барору кушоиш таманно дорам.

Ҳамчунин, ба падару модароне, ки чунин фарзандони бонангу ор ва ҷасуру ватанпарварро тарбия ва ба камол расониданд, баёни эҳтирому сипос дорам - иброз дошт дар суханронии худ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода.

Бояд тазаккур дод, ки субҳи имрӯз дар майдони назди Қасри фарҳанг чорабинии тантанавӣ бахшида ба гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва 80 нафар наваскарон барои адои хизмат сафарбар гардиданд.

Воқеан, таърихи Артиши миллии Тоҷикистон чун китоби корнамоиҳои таърихиест, ки дар роҳи пойдории адолат, бунёди давлати қонунӣ, эътирофи манфитатҳои аҳли ҷомеа ва ғасбу нобуд кардани душманони дохилию хориҷӣ афсарону сарбозони тоҷик аз худ қаҳрамонию ҷоннисориҳои зиёдеро ёдгор гузоштаанд, ки омӯзиши ин таърих дар вуҷуди ҳар ҷавон эҳсоси дӯстдории Ватан ва худшиносии миллиро дучанд менамояд.

Имрӯз низ ҷавонони шаҳр дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ сарбаландона хизмат намуда, аз мактаби бузурги матонат ва ҷавонмардӣ сабақ меомӯзанд ва итминони комил дорем ҷавонони шаҳр худро чун ҳомиёни воқеии кишвар, амнияти мардум ва нерӯи тавонои мудофиавӣ халқу давлат муаррифӣ намуда, бо хоҳиши худ дар мӯҳлати муайяншуда ба комиссаритати ҳарбии шаҳр ҳозир мешаванд ва шаҳри Ҳисорро чун манзили мардони ҷасуру далер ва шуҷоъу ватандӯст бештар шуҳратёр мегардонанд.

Саломатию сарбаландӣ ёратон бод, ҳомиёни Ватан.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru