ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1011
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2637
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6785
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта23246
mod_vvisit_counterҲамин моҳ88949
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта108265
mod_vvisit_counterҲамагӣ1730688

Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор,

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Санаи 17 октябр дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати панҷум баргузор гардид.

Пас аз садо додани Суриди миллӣ раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода вакилонро бо тартиб ва рӯзномаи кори иҷлосия шинос намуд.

Баъдан вакилон масъалаҳои рӯзнома «Дар бораи рафти омодагии хоҷагии халқи шаҳри Ҳисор ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ва вазифаҳои сохторҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар ин самт»,  «Дар бораи рафти иҷрои Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» -ро мавриди барррасӣ қарор дода,  ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор оид ба ояндабинии иқтисод, буҷет, саноат, савдо ва рушди соҳибкорӣ  ва ахбороти вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор аз ҳавзаи интихоботии “Меҳргон”, №29 оид ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ» шуниданд.

Доир ба масъалаҳои зикршуда ва дигар масъалаҳои кории рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул шуд ва қарорҳои раиси шаҳрро, ки дар давраи баъди иҷлосияи пешинаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр то имрӯз вобаста ба маблағгузории чорабиниҳои гуногун қабул шудаанд, ваклион тасдиқ намуданд. Ба кори иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷумро бо садо додани Суруди миллӣ хонда хотима бахшида шуд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru