Ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳа

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсату шуъба, бахш, идораву ташкилот, фаъолон, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва воситаҳои ахбор дар натиҷаҳои фаъолият дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҷамъбаст гардид, иштирок намуданд. Маҷлисро раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода оғоз намуда, ҳозиринро бо тартиб ва рӯзномаи корӣ шинос намуд. Сипас муовини раиси шаҳр Азимӣ Ҳ. И. “Оид ба ҷамъбасти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии  шаҳри Ҳисор дар 9-моҳи  соли 2018” маърӯза намуд ва баъдан натиҷаҳои фаъолият мавриди баррасӣ ва пурсиш қарор гирифт.

Барои огоҳии бештар метавонед аз маълумоти мухтасари зерин баҳравар шавед:

Вобаста ба таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисодиёти шаҳр  ва коҳишёбии як қатор нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, бахусус воридоти мол,  иҷроиши қисми даромади буҷет дар 9 моҳи соли 2018 ба андозаи 101,2 фоиз таъмин гашта, ба буҷет маблағи 117 млн 974 ҳазор сомонӣ, ва ё нисбати нақшаи тасдиқшуда ба буҷет 1 млн 435 ҳазор сомонӣ зиёд  маблағ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи  17 млн 23 ҳазор  сомонӣ  зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ 79,0 млн сомонӣ пешбини шуда, ба буҷет 79,1 млн сомонӣ ворид гардид, ки ин 100,1 фоизи нақша баробар буда,  назар ба ҳамин даври соли гузашта 7,5 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андозҳои иҷтимоии корхонаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ 100,4 фоиз таъмин  гардида,   31 млн 684 ҳазор  сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба  нақша 141 ҳазор сомонӣ  зиёд мебошад.

Дар натиҷаи ислоҳот ва тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ то имрўз дар шаҳр 7816 нафар расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 752 нафар зиёд мебошад.

Бо дастгири ва созандагию бунёдкориҳои соҳибкорон симои шаҳри Ҳисор ба кулли тағйир ёфта 44 иншоот ба маблағи 196,7 млн сомонӣ сохта аз тарафи комиссияи шаҳри қабул ва барои истифода супорида шудааст.

Дар арафаи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 иншооти таъиноташон гуногун, ки аз тарафи соҳибкорон сохта шудааст, аз ҷумла биноҳои баландошёна ва миёнаошёна, марказҳои хизматронию савдо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, сардхона барои нигоҳ доштани меваҳо, корхонаҳои масолеҳи сохтмонӣ, нўктаи фурўши сузишворӣ ва дигар иншоотҳо баистифода дода шуд.

Дар радифи дастгирии рушди соҳибкорӣ миёни бекорон ва шаҳрвандони корҷуй дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба 61 нафар шаҳрвандони бекор барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзнок 175500 сомонӣ дар бахши истеҳсол, хизматрасонӣ ва тиҷорат дода шудааст.

Аз ҷониби филиалҳои бонкҳои молиявӣ ва ташкилотҳои қарзии хурди шаҳр дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба шаҳрвандон,  қарзҳо барои тиҷорат, кишоварзӣ, истемолӣ ва дигар намуди қарзҳо ба маблағи умумии  96 млн 533 ҳазору 353 сомонӣ дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017, 51 млн 019 ҳазору 491 сомонӣ зиёд мебошад.

Аз маблағҳои пардохтгардида 25,2 млн сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 44,1 млн сомонӣ аз ин ба соҳаи тиҷорат, 27,1 млн сомонӣ ба соҳаи истемолӣ дода шудааст.

Корхонаҳои саноатии шаҳр бо назардошти тадқиқотҳо бо нархҳои амалкунанда дар нуҳ моҳи соли 2018 ба маблағи 142 миллиону582 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 34 миллиону 167 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Маҳсулотҳои хурокворӣ дар нуҳ моҳи соли 2018 дар ҳаҷми 15 миллиону 685 ҳазор сомонӣ истеҳсол гардидаистеҳсоли нассоҷӣ ва дузандагӣ ба маблағи 52 миллиону 670,1 ҳазор сомонироташкил дод, кинисбат ба ҳамин давраи соли 2017 19 миллиону 98 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Тибқи қарори Раиси шаҳри Ҳисор аз 15 феврали соли 2018, №132 муассисаи давлатии ободонӣ ва кабудизоркунӣ  аз 1 марти соли 2018 оғоз намуда дар он 70 нафар коргар фаъолият намуда истодаанд. Муассиса дорои 4 адад техника буда, ҳамаи онҳо дар ҳолати хуби кори қарор доранд. Дар ин давра аз ҷониби муассиса дар роҳи 2,7 киллометра 6500 бех, дар кўчаи И. Сомонӣ 1500 бех ва дар кўчаи М. Турсунзода 2000 бех гулҳои садбарг шинонида шуд. Инчунин, дар кўчаҳои шаҳр 100 бех дарахти дуб, 60 адад гули ириски (сирена) ва беш аз 35 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ шинонида шуд.

Натиҷаи фаъолияти истеҳсолии кишоварзони шаҳри Ҳисор ба он оварда расонид, ки дар нўҳ  моҳи соли 2018 ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолкардаи кишоварзон зиёда аз  541,5 млн. сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,1 фоизро ташкил менамояд.

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида дар самти растанипарварӣ 408 млн. 642 ҳазор сомонӣ ва дар самти чорводорӣ 132 млн. 413 ҳазор сомониро ташкил намуда, нисбатан ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи растанипарварӣ ба андозаи 108,8 фоиз ва чорводорӣ 102,3 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли гўшт дар сатҳи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 590 тоннаро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 139 тонна зиёд мебошад. Самти асосии машғулияти чорводорони шаҳр ин зотпарварӣ мебошад, ки то ин давра аз тарафи хоҷагиҳои чорводори шаҳр 316 сар чорвои калони шохдор ҳамчун моли зотӣ ба дигар хоҷагиҳои чорвопарварии шаҳр ва шаҳру ноҳияҳои ҳудуди ҷумҳурӣ барои парвариш фурухта шуд.

Дар рўзҳои ҷашни 27-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Зарнисори Ҷамоати шаҳраки Шарора бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 142 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншооти мазкур аз тарафи ҶДММ “Корвони Аср” бо роҳбарии соҳибкор Абдулло Ҳасанов барои 640 ҷои нишаст дар баст соҳта ба истифода дода шуд.  Сохтмони иншооти мазкур соли 2017 оғоз гардида, маблағи умумии он зиёда аз 12 млн сомониро ташкил дода, аз 22 синфхона, кабинетҳои фаннӣ, ошхона барои 24 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ барои 80 ҷой, бойгонӣ, толори варзишӣ ва майдончаи ҳарбӣ иборат буда, бо таҷҳизотҳои лозима таъмин гардидааст.

Дар сохтори муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр маркази саломатии шаҳрӣ, 35 марказҳои саломатии деҳотӣ, 41 бунгоҳҳои саломатӣ ва дармонгоҳи саломатӣ фаъолият намуданд. Сохтори муассисаҳои кўмаки аввалияю тиббию санитарии шаҳри Ҳисор аз Маркази саломатии шаҳрӣ, 35 марказҳои саломати деҳотӣ, 41 бунгоҳҳои саломатӣ иборат аст.

Тибқи маълумоти соҳаи тандурустии шаҳр бемориҳои сироятӣ 873 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 422 нафар кўдакони синни то 14 сола мебошанд. Нисбат ба ҳамин даври соли 2017, 454 нафар шаҳрвандон коҳиш ёфтааст.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 28120 нафар аз дохилу хориҷӣ кишвар меҳмонон ба Мамнўъгоҳи Қалъаи Ҳисор ташриф оварданд, ки аз ин шумора 6211 нафар аз хориҷи кишвар мебошанд.

Дар муқоиса дар нўҳ моҳи соли 2017, сайёҳони хориҷӣ 3637 нафар сайёҳони беруна ташриф оварданд.

Дар давраи ҳисоботӣ варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои шаҳрӣ 66 ҷойи аввал, 40 ҷойи дуюм ва 49 ҷойи сеюм, дар мусобиқаҳои ҷумҳурияӣ сазовори 28 ҷойи аввал, 15 ҷойи 2 ва 26 ҷойи сеюм, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори 1 ҷойи аввал 2 нафар ва 9 ҷойи сеюм дар маҷмуъ  сазовори 239 ҷой гардидаанд.

Дар ҳудуди шаҳр шумораи тӯю маъракаҳо ҷамъ 3199  ададро ташкил намуд, ки дар онҳо 14 млн 818ҳазору 500 сомонӣ маблағҳо масраф гардида, туйи домодию арусӣ 2938 адад маросими чил 145 адад, маросими сол 107 адад ба қайд гирифта шуда, туйи хатнасури хайриявӣ 255 кўдак ва туйи хайриявии домодиву арусӣ 1 ҷуфт гузаронида шуд.

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар соли ҷорӣ 182 нафар сокинони шаҳр барои зиёрати Ҳаҷ сафарбар гардиданд.

Дар анҷоми маҷлиси фаъолон раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода барои беҳбудии фаъолият дар назди фаъолон вазифаҳоимушаххас гузошта, зикри он дошт, ки ҳарчанд ҷамъбасти нӯҳ моҳи фаъолият хуб аст, тақозои замон он аст, ки мо бояд барои амалигардонии ҳадаву мақсадҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаву чорабиниҳои мақсоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр боз ҳам дучанд кору фаъолият намуда, ӯҳдадориҳои соҳавиро таъмин ва барои дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ пешвоз гирифтани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ заминаи устувор ва эътимодбахш гузорем ва  ба  боварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор кору зиндагӣ намоем ва азми он дошта бошем, ки диёрамон дучанд ободу зебо ва мардумаш ҳамеша осудаҳол бошанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru