Амали қонун-мояи хушбахтӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Дар  маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тибқи нақшаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» бо иштироки раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода,  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонзода ва Мавзуна Шамсиддинзода, роҳбарони ташкилоту муссисаҳои дахлдори шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони кумитаҳои маҳалла мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифт.

Кори ҷаласаро раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода оғоз бахшид ва дар сухани ифтитоҳии худ зикри он дошт, ки маҳалла дар сарзамини тоҷикон аз давраҳои қадим вуҷуд дошт. Вай сохтори иҷтимоии таърихан ташаккулёфта буда, бо ташаббуси худи мардум ташкил меёбад. Он дар радифи мероси гаронбаҳои гузаштагонамон қарор дошта, моҳиятан ягонагии маъмуриву ҳудудии кишварамонро ифода мекунад. Дар доираи маҳалла мардум дар ҳамбастагиву рафоқат, якдигарфаҳмӣ умр ба сар мебаранд. Аз ин лиҳоз, маҳалла қисми муҳими ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа асоси системаи идоракунӣ эътироф гаштааст.

Баъдан вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонзода ва Мавзуна Шамсиддинзода андешаҳои худро аз боздид ва омӯзиши фаъолияти чанде аз маҳаллаҳои шаҳр баён намуда, ба пурсиши аҳли толор посух доданд.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар идомаи андешаҳои баёнгардида, зикри он дошт, ки аҳолии маҳалла аз замони  қадим то рӯзгори мо байни ҳам муттаҳид гашта ҷомеаи ба худ хосро ташкил медиҳанд ва бо ҳамдигар бо муносибатҳои хешутаборӣ, касбу кор, шиносоии шахсӣ муттаҳид мегарданд.

Бо эътимод метавон зикр намуд, ки маҳалла пайвандгари дирўзу имрӯзи халқамон ба шумор меравад ва аҳли толор, ки худ низ аъзои маҳалла ба шумор мераванд пас аз мулоқоти имрӯза бори дигар мӯҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, талаботи онро риоя ва  дар амал татбиқ менамоянд.

Мулоқот судманд ва ба манфиати кор сурат гирифт.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru