ДИҚҚАТ ОЗМУН!

http://www.zoofirma.ru/

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд:

Сармутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Ҳисор, 1 воҳиди корӣ,

Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва савдои шаҳри Ҳисор, 1 воҳиди корӣ,

Мутахассиси пешбар шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Ҳисор, 1 воҳиди корӣ

Мутахассис бахши бойгонии шаҳри Ҳисор, 1 воҳиди корӣ,

Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Ҳисор, 1 воҳиди корӣ,

Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Дурбат, 1 воҳиди корӣ,

Мутахассиси пешбар (ҳисобчӣ-андозғундор)-и Ҷамоати деҳоти Дурбат, 1 воҳиди корӣ,

Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Дурбат, 1 воҳиди корӣ,

Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Сомон, 1 воҳиди корӣ,

Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Сомон 1 воҳиди корӣ,

Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ, 1 воҳиди корӣ,

Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Навобод, 1 воҳиди корӣ,

Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Навобод, 1 воҳиди корӣ,

Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, 1 воҳиди корӣ,

Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо 1 воҳиди корӣ,

Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, 1 воҳиди корӣ,

Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Ориён 1 воҳиди корӣ,

Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Ориён 1 воҳиди корӣ,

Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода, 1 воҳиди корӣ,

Озмун 8 ноябри соли 2018 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор гузаронида мешавад.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба телефонҳои зерин муроҷиат намоед: (8-31-39) 26-3-00,


ТАЛАБОТҲОИ ТАХАССУСӢ

барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот

1. Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи панҷум:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

2. Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи шашум:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

3. Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи ҳафтум:

– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Номгўи ҳуҷҷатҳое, ки барои иштирок дар озмун заруранд:

Варақаи шахсӣ

Тарҷумаи ҳол

Нусхаи шиноснома

Нусхаи диплом

Маълумотнома тиббӣ (Ф-86)

Расм 3х4   4 дона

Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ

Нусхаи рақамаи мушаххаси андозсупоранда (ИНН)

Нусхаи билети ҳарбӣ

Маълумотномаи надоштани доғи судӣ

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru