Рӯзи қабули Раиси шаҳри Ҳисор дар Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон дар таҳкими робитаи бештари аҳли ҷомеа бо мақомотҳои маҳаллӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва таҳияи дурнамои иқтисодию иҷтимоии шаҳр заминаи боэътимод мегузорад-иброз дошт раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо.
Аз ин рӯ, мо ҳар як роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоту муассисаҳо, раисони хоҷагиву маҳаллаҳо ва ҳар як хизматчии давлатиро вазифадор кардаем, ки бояд муносибати худро ба муроҷиати шаҳрвандон куллан тағйир дода, барои такмили роҳу усулҳои судманди қабули шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти онҳо чораҳои иловагӣ андешанд- иброз дошт дар суханронии худ раиси шаҳр.
Бояд тазаккур дод, ки дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон, ки дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, ки санаи 25 октябри соли 2018 тариқи Равзанаи ягона баргузор гардид 43 нафар шаҳрвандон муроҷиат карданд.
Пас аз баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода бо сокинони ҷамоат мулоқот доир намуда, вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷамоатро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод. Дар ҷараёни мулоқот шаҳрвандон ба саволҳои худ посух гирифта, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳамии шароити муосоид ва зиндагии осоишта изҳори эҳтиром доштанд. Баргузории рӯзҳои қабули шаҳрвандон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз ҷониби раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода идома дорад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru