Таҷлили Рӯзи Президент

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи аввалини агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар варзишгоҳи «Ҷавонӣ»-и шаҳр бо иштироки муовини директори Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фарида Мӯминова, фаъолон, кормандони соҳаҳои қудратӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, собиқадорони меҳнат ва воситаҳои ахбори умум чорабинии идона баргузор гардид.

Чорабиниро Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ифтитоҳ бахшида, зикри он дошт: «Фаъолият ва зиндагиномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи ситоишу арҷгузорӣ, омӯзишу тарғиб ва пайравӣ барои ҳар нафари бедордил аст. Аз ин лиҳоз ҳар як сокини мамлакат, аз ҷумла шаҳрвандони баору номуси Ҳисори шодмон вазифадоранд ба қадри заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат бирасанд, Ватану диёри худро дучанд дӯст доранд ва сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои ободии диёри худ фаъолият баранд.

Дирӯз таърих моро ба оғози фаъолияти яке аз бузургтарин иншооти аср – ифтитоҳи аввалин агрегати нерўгоҳи барқи обии «Роғун» расонид, ки боэътимод метавон ин рўйдоди муҳимро оғози бобарори марҳилаи нави корномаҳои созандаи мардуми тоҷик таҳти раҳнамоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб овард.

Баъдан муовини директори Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Мӯминова суханрони намуда, ин рӯйдоди таърихи ба сокинони шаҳр муборакбод гуфт.

Бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тадриҷан аз чорчӯбаи танги ҷуғрофӣ ва вобаста будан аз минтақа раҳоӣ ёфта, ба кӯпруки тиллоии байни Мағрибу Машриқ мубаддал гардид.

Бунёди ҷомеаи демократии дунявӣ, ҷорӣ намудани муносибатҳои солими бозорӣ, таҳкими давлатдории навини тоҷикон ба худшиносии амиқи аҳли кишвар такя менамоянд. Дастоварди дигари шоёни халқи мо зери роҳбарии Пешвои миллат ин ба таври илмӣ ва асоснок муайян гардидани саҳми халқи тоҷик дар тамаддуни ҷаҳонӣ, мақоми пешбаранда пайдо кардани забону фарҳанги тоҷикӣ мебошад.

Бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда, тантанаи адолати қонун, пойдории давлати ҳуқуқбунёду демократии тоҷикон ва шодию фараҳи рўзгор ҳамаи шумо ҳамдиёрони арҷманд ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи аввалин агрегати Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» самимона табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи шумо ҷиҳати таъмини ободию шукуфоии кишвари азизамон барору комёбиҳо ва ба хонадони шумо осудагию рўзгори бофароғат орзу дорам - зикр дошт дар суханронии худ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода.

Барномаи фарҳангии ҳунармандони шаҳр ва ҳофизони номдори ҷумҳурӣ, ки саршор аз шеъру ғазал ва рақсу таронаҳои дӯстдории Ватан ва шинохти мақому хизматҳои Пешвои муаззами миллат буд аз ҷониби ҳозирин хуб пазироӣ гардид.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru