Рӯзи қабули шаҳрвандон дар Ҷамоати деҳоти Алмосӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон дар таҳкими пояи давлатдорӣ, робитаи бештари аҳли ҷомеа бо мақомотҳои маҳаллӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва таҳияи дурнамои иқтисодию фарҳангии шаҳр заминаи боэътимод мегузорат. Дар идомаи баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот санаи 30 ноябр дар Ҷамоати деҳоти Алмосӣ Рӯзи қабули шаҳрвандон тариқи Равзанаи ягона баргузор гардид, ки ҳадаф аз чорабинии мазкур ҳалли мушкилоти рӯзгори мардум, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иртиботи мутақобилан судманди мақомот бо ҷомеа мебошад.

Таҷрибаи муфиде, ки соли сеюм дар шаҳр амалӣ шуда истодааст, тибқи мушоҳидаҳои коршиносон ва муроҷиатҳои хаттию шифоҳии худи шаҳрвандон воқеан дархӯрди муаммоҳои ҷойдошта дар ҷомеа ва амали шоистае дар баррасию ҳаллу фасл ва эътинои саривақтӣ ба дархостҳои сокинон маҳсуб меёбад.

Пас аз баргузории мо Рӯзи қабули шаҳрвандон бо фаъолону сокинони ҷамоат мулоқоти ошкоро баргузор гардид. Дар мулоқот Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода вазъи иҷрои қонунҳо, барномаҳои давлатӣ, нақша-чорабинҳои соҳавӣ ва дигар масоили мавҷударо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз ҷумла зикри он дошт: «Иштироки фаъолонаи сокинон дар рӯзҳои қабули Раиси шаҳр дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, самимияти ошкорои онҳо, тарзу усули масъалагузориҳо, ки бештар ба муаммоҳои муҳими ҷомеа алоқаманд мебошад, шаҳодат аз он аст, ки эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ, ҳукумати маҳаллӣ боз ҳам қавитар шуда, сиёсати имрӯзаи раийятпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонии ҳамаҷонибаро касб намудааст.

Тадбирҳои амалишуда ҳадди охир набуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар оянда низ ин иқдоми некро идома хоҳад дод.

Раиси шаҳр ба масъулони соҳа ҷиҳати мавриди омӯзиш ва ислоҳ қарор додани коргузорию санаднигории дастгоҳи ҷамоат, рушди соҳибкорӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи он, дарёфт намудани сарчашмаҳои аз андоз берунмонда, омодаги ба фасли зимистон,  захираи хӯроки дурушти чорво, афзун намудани саршумори чорвои хушзот, баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва парранда, таъмини талаботи бозори дохилӣ ба гӯшту шири истеҳсоли худӣ, тарбияи насли наврас, пешгирии сар задани ҳодисаҳои номатлуб аз ҷониби ноболиғон, густариши тарбияи кадрҳо соҳибтахассус ва ҷалби мутахассисони ҷавон ба соҳаи маориф ва тибб ва мурооҷиати шаҳрвандон дастуру супориши мушаххас баён дошт.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru