Муаррифии санъати тасвирӣ ва дизайнӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 7
  • Минбаъда

Дар толори Осорхонаи шаҳри Ҳисор чорабинӣ бахшида ба ифтитоҳи намоиши маҳсули ҳунарҳои тасвирӣ ва дизайнии омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи он Панҷшанбезода Муҳиддин - мушовири ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, Ибодулло Машрап – муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдувалӣ Шарифзода - директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон, маъмурият, омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ширкат варзиданд. Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода дар суханронии худ зикр намуд: «Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо шарофати сиёсати оқилона ва дастуру ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди фарҳанг ва махсусан санъати тасвирӣ ба як самти муҳими сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфта, дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расидаанд.

Баргузории намоиши корҳои эҷодӣ таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат»-ро метавон идомаи тантанаҳои фарҳангӣ дар шаҳри Ҳисор маҳсуб донист. Сокинони шаҳр ба сиёсати фарҳангии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътиқоди беназир доранд ва ҳамагон огоҳанд, ки бахшида ба ҷашни 3000 - солагии Ҳисори Шодмон биноҳои боҳашамати Осорхонаи шаҳрӣ, Китобхонаи марказӣ ва Қасри фарҳанги шаҳр мавриди истифода қарор гирифт.

Маҳз бо шарофати пайдо шудани шароити корӣ ва таҷҳизоти замонавӣ маҳсули эҷодии ҳунармандону фарҳангчиёни шаҳр дучанд гардида, дар баробари иштироку ҳунарнамоӣ дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуривӣ боиси ифтихор он аст, ки аҳли ҳунари шаҳр дар Фестивал озмуни ҷумҳуриявӣ-телевизионии «Андалеб-2018» ба гирифтани Шоҳҷоиза мушарраф гардиданд ва зикри он дорам, ки намоиши ҳунарҳои эҷодӣ чун мояи тарщиботии санъату фарҳанги миллат, ки аз санаи якум то даҳуми декабри соли ҷорӣ идома меёбад, бо ҷалби табақаҳои гуногуни аҳолӣ, донишҷӯёну хонандагон манфиатбахш баргузор хоҳад гашт.»

Марҳамат ба намоиши ҳунарҳои тасвирӣ ва дизайнӣ.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru