ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2292
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3119
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5411
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта16001
mod_vvisit_counterҲамин моҳ45283
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта66580
mod_vvisit_counterҲамагӣ1009976

Ҳисорро бо нигоҳи дил шиносед…

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Аз санаи 26 ноябр инҷониб гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дастгоҳҳои ҷамоатҳои шарҳаку деҳот, шӯъбаи маориф ва фаъолони маҳаллаҳои шаҳр бо мақсади омӯзиши рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», омодагӣ ба фасли зимистон, вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, иҷрои нақшаи чорабинии корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлояти давлатии Тоҷикистон ба маҳаллаву деҳаҳои шаҳр сафарбар гардида, бо аҳолӣ мулоқоту сӯҳбат доир менамоянд ва барои пешравии фаъолият кӯмаки амалӣ мерасонанд.

Омӯзиши масъалаи дар деҳаи Муъминободи Ҷамоати деҳоти Деҳқонбод нишон дод, ки раиси маҳалла Муъминов А. бо ҳуҷраи корӣ таъмин буда, ҳуҷҷатгузории фаъолияти кумитаи маҳалла ба талабот ҷавобгӯй аст. Маҷлис ва Шӯрои маҳалла пайваста баргузор мегардад ва фаъолияти молиявии маҳалларо Комисияи назорати молиявӣ назорат мебарад. Дар маҳаллаи мазкур 360 хоҷагӣ ба қайд гирифта шуда, маърифати диёрдорӣ ва якдилию дастҷамъии бошандагон хуб ба назар мерасад. Тозагии кӯчаву атрофи деҳа, вусъати корҳои ободонӣ, баргузории ҳашарҳои дастҷамъона анъанаро касб намуда, ҳамаи кӯчаҳои деҳа мумфарш ва дар баъзе ҷойҳо сементпӯш карда шуда, дар ду шафати он қубурҳои обгузар шинонида шудааст. Қомат афрохтани дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ ба ҳусни деҳ ҳусни дигар зам намудаву давоми соли ҷорӣ беш аз 1500 метр роҳи деҳа бо дастгирии соҳибкорону шахсони саховатпеша бетонпӯш шуда, бинои мактаб, оромгоҳи деҳа, бунгоҳи тиббӣ таъмир ва толори варзишӣ аз нав бунёд гардидааст. Аҳли деҳа бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёди сехи дӯзандагӣ, муассисаи томактабӣ, маркази саломатӣ ва варзишгоҳро бо 3000 ҷои нишаст ба нақша гирифта иҷрои корҳо дар ин самт идома дорад. Бо эътимод метавон гуфт, ки дастуру ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъатбахшии корҳои бунёдкорӣ дар шаҳри Ҳисор дастгирии ҳамаҷониба ёфта, имрӯз дар ҳар кучаву маҳалла ва марказҳои аҳолинишин рушан падидор гардида, иҷрои ин амалҳои нек метавонад боиси ободии диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фаровонии неъмати рӯзгор гардад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru