ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2497
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1769
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта11958
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13488
mod_vvisit_counterҲамин моҳ35344
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта56757
mod_vvisit_counterҲамагӣ1130751

«ТАШВИКИ ФАРХАНГИ БЕГОНА ВА ХУРОФОТПАРАСТИ ХИЛОФИ ТАЛАБОТХОИ КОНУН АМАЛ КАРДАН АСТ»

http://www.zoofirma.ru/

Бузургтарин неъмат барои инсон ин истиклолияти давлатист. Мебояд шукрона кунем, ки истиклолият дорем ва содик ба Ватани хеш хизмат карда, бахри пойдории ин неъмати бебахо чахду талош варзем.

Дар рузхои наздик даъвати чавонон ба хизмати аскари оцоз мегардад. Вале, мутаасифона баъзе аз фарзандони Ватан, ки дар ин хоку дар ин марзу бум зиндаги доранд, аз хизмат ба Ватан сарпечи мекунанд. Аз хизмат ба Ватан ру ба мардикори, ва мухочират оварда, дар натича фирефтаи гуруххои ицвоангезу ифроти, террористию экстремисти мегарданд. Фирефтаи гуруххое мегарданд, ки онхо хиёнат ба давлату миллатро вазифаи аввалиндарача медонанд. Фирефтаи гуруххое мегарданд, ки онхо амнияту осоиштагии давлату миллатро намехоханд ва хамеша дар пайи ноором сохтани чомеа мебошанд. Зеро онхо Ватан, модар, бародару хохар, ёру дустон, арзишхои милли, мукаддасот ва цайрахоро эътироф намекунанд. Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллат, Презинденти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон дар хар як суханрониашон пайваста таъкид месозанд, ки «террорист, Ватан, миллат надорад». Имруз терроризм ва экстремизм хамчун вабои аср ба амнияти чахон ва хар як сокини сайёра тахдид карда, барои ба шариат хатари на камтар аз силохи ядроиро ба миён овардааст. Пас моро водор месозад, ки наздиконамонро аз ин хатари глобали начод дода, пайваста зидди чунин гуруххои манфиатхох мубориза барем. Зеро Сарвари давлатамон таъкид намудаанд, ки «мубориза бо терроризм ва экстремизм фарохам овардани фазои бовари, эхтиром ба манфиатхои хамдигар ва муттахид шудани хамаи кишвархои дунёро дар пешоруи ин хатари умуми такозо мекунанд».

Масъалаи дигаре, ки хамаи моро ба ташвиш овардааст, ин бегонапарасти дар пушидани либос мебошад. Хар яки мо хангоме, ки лоф аз ватандориву фарханг мезанем, албатта пеш аз хама бояд аз чузъиёти он хабардор бошем. Махсусан либос, ки намоёнтарин анвои фарханги халкиятхо аст.

Чун сухан дар бораи либоси милли рафт, як лахзаеро мехостам дар ин чо зикр намоям, ки чи гуна мардуми миллатхои мухталиф мехоханд бо либоси миллии худ аз дигарон дар тафовут бошанду, хар яки онхо бо ин восита ифтихори милли ва фарханги хешро боло мебардоранд.

Вале мутаасифона, имрузхо шахсоне хастанд, ки шояд аз нофахми ва ё ягон сабаби дигар бошад, хидмати «хирсона» анчом додани шуда, бо фарханги аслии точикона тацйироте ворид кардани мешаванд. Аммо, ин хидмати онхо метавонад ба аз байн рафтани шакли асосие, ки аз замонхои пеш дар тули таърих то ба даври мо омада расидааст, боис шавад, ё ба он гунахо рахна ворид созад. Масалан, таррохон либоси асли ва хоси точиконаро мехоханд тацйир дода, онро ба шакли муд дароранд, ки метавонад боиси коста гаштани аслии милли гардад, чун моро танхо бо шакли кадимии либос метавон аз дигар миллатхо тафрика гузошт.

Барои харидори ва духтани чунин тархи либосхо, ки аслан барои миллати мо бегонаанд, маблаци зиёд сарф мешавад, ки инчо боз мардуми мо бар хилофи Конуни ЧТ «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо» амал мекунанд. Яъне ба исрофкори рох дода, барои духтани як либос зиёда аз 200 сомони сарф мешавад.

Имруз аз кабули Конуни ЧТ «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхои милли дар ЧТ» дах сол сипари гардида бошад, хам боз хастанд афроде, ки бар хилофи ин конун зада, даст ба исрофкорию хурофотпарасти ва тарцибу ташвики фарханги бегона мезананд, ки чори намудани фарханги бегона ва хурофотпарасти низ барои мардуми мо исрофкории зиёдатиро талаб менамояд. Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллат, Презинденти ЧТ мухтарам Эмомали Рахмон ин масъалахоро ба инобат гирифта, кайд кардаанд, ки «Яке аз сабабхои кабули Конуни ЧТ «Дар бораи танхими анъана ва чашну маросимхои милли дар ЧТ» аз он иборат аст, ки бо пайдо шудани равияхои мазхабии дорои хусусияти ифроти дар кишвар, зухуроти бегонапарастиву таклид ва хатар ба забону фарханг, бахусус расму оинхои милли торафт кувват гирифта, таасубу зиёдарави хангоми баргузории як катор маросиму маъракахо ба хукми анъана даромада буд».

Ин суханони пандомези Пешвои муаззами миллат хамаи моро водор месозад, ки бахри хифзи истиклолияти давлати, оромиву осудагии кишвар, пойдории сулху суббот, эхтироми мукаддасот ва арзишу фарханги милли камари химмат баста, пайваста бар зидди амалхои номатлуб мубориза барем ва аз пайи ичрои талаботхои конунхои амалкунанда бошем.

Сайфиддин Ёров

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru