Таҷлили ҷашни Рӯзи Модар дар Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла зикри он дошт:

«Боиси ифтихор аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳёи яке аз қадимтарин ҷашнвораҳои миллати мо ва гиромидошти занону модарон дар айёми баҳору эҳёшавии табиат - Рӯзи Модар дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Таҷлили сазовори ин рӯзи муборак рисолати ҷомеаро дар муносибат ба эҳтироми модарону хоҳарони арҷманд таъкид намуда, гувоҳи эътибору манзалати волои бонувон дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.»

Баъдан барномаи консертӣ манзури модарон ва бонувон гардид, ки аз суруду оҳанг ва шеъру саҳначаҳо бахшида ба гиромидошти модар иборат буд. Давоми рӯз ҳамчунин  масъулини соҳа модарони собиқадор ва фаъоли шаҳрро аёдат намуда, туҳфаҳои ҷашниро такдим намуданд. Ҳамчунин, бахшида ба Рӯзи Модар дар қаламрави шаҳр бо мақсади гиромидошт ва шинохти мақоми Модар маҳфилу озмун, конфронсу вохӯрӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru