ИҶЛОСИЯ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛӢ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ АСТ

http://www.zoofirma.ru/

Дар таърихи навини мо, Анҷумани ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузургест, ки ҳамто надорад. Ҳар қадар ки вақт моро аз ин иҷлосия дур мебарад, ҳамон андоза аҳамияти бузурги таърихии он барои давлату халқи Тоҷикистон бештар аён мегардад. Аҳамияти таърихӣ дар он ҷаласа аз он иборат буд, ки бо қарори Шӯрои Олӣ Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул карда шуд. Иҷлосияи 16-ум собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳама гуна бенизомиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи давлатамонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳифз менамояд. Маҳз ҳамин иҷлосия буд, ки манфиатҳои умумимиллӣ боло гирифт. Аҳамияти дигари таърихии Иҷлосияи 16-уми ШО аз он иборат аст, ки сохтори конститутсиониро барқарор карда, хатари пош хӯрдани Тоҷикистонро аз байн бурд, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатамонро муайян намуд.

Акнун он рӯзҳои даҳшат, душвориҳо паси сар шуданд. Имрӯз бо чашми хирад мебинем, ки дар тӯли ин солҳо Тоҷикистон ба чӣ қадар дастовардҳои бузург ноил гашт. Метавон гуфт Анҷумани 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон поягузори таърихи навин ва ояндасози давлати тоҷикон мебошад. Ҳамин анҷуман тавонист, тоҷи давлатдориро дар сари тоҷик назаррабову давлатамонро поянда гардонида, асолати миллиро муаррифӣ намояд. Ин ҳама хуррамиҳо фахри ҳар як тоҷикистонӣ буда, бо итминони комил метавон гуфт, ки рушд ва таҳкими давлатдории навину истиқлолияти Тоҷикистон, якпорчагии он, ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостонии мо амалӣ кардани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо мегиранд. Аз ин рӯ, омӯхтан ва пос доштани аҳамияти таърихии ин иҷлосия барои ҳар яки мо, наслҳо ва ҷомеаи имрӯзаю оянда ниҳоят муҳим, ибратомӯз ва қарзи фарзандию ифтихори ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Аз Худованди бузург хоҳони онем, ки ҳамеша сулҳу осоиштагию амният дар ватани азизамон ҳукмфармо бошад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru