Баргузории Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати панҷум

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати панҷум бо иштироки вакилони шаҳрӣ,  роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсат, шуъбаю бахшҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, роҳбарони ташкилотҳои шаҳрӣ  баргузор гардида, рӯзномаи иҷлосия ки аз масъалаҳои зерин иборат буд: «Ҳисоботи раиси шаҳр оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳри Ҳисор дар ёздаҳ моҳи соли 2018»,  «Дар бораи буҷети шаҳри Ҳисор барои соли 2019 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳр дар соли 2017», «Дар бораи муқарар намудани меъёрҳои андоз ва пардохти ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳр барои соли 2019», «Дар бораи рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» дар ҳудуди шаҳри Ҳисор”,  «Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор оид ба сохтмон, шаҳрсозӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва манзил”  «Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор аз ҳавзаи интихоботии “Неъмат Қарабоев” №4 Дадобоева Гулхумор оид ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ»,«Дар бораи номгузории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38, деҳаи Ҷалолободи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо ба номи Халилов Салимҷон»  ва «Тасдиûи ûарорüои Раиси шаҳри Ҳисор»  мавриди баррасӣ ва қабули қарорҳои дахлдор қарор гирифт.

Раиси шаҳр дар маърӯзаи ҳисобтии худ аз ҷумла зикри он дошт:

- Рушди иқтисодиёти шаҳр дар давраи ҳисоботӣ асосан аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблащи 196,3 млн сомонӣ, кишоварзӣ 747,2 млн сомонӣ, гардиши моли чакана 1131,7 млн сомонӣ  ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 121,0 млн сомонӣ таъмин гардид.

- Даромади умумии буҷети давлатии шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ таъмин гардида, нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷет дар сатҳи 101,3 фоиз, ба ҷои 145,2 млн сомонии банақшагирифташуда 147,2 млн сомонӣ маблащ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 20 млн сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,6 млн сомонӣ зиёд мебошад.

- Ҳамчунин қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои дохилӣ ба андозаи 100,8 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 98,5 млн сомонии нақшаи пешбинишуда 99,4 млн сомонӣ маблащ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 871,0 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,1 млн сомонӣ зиёд мебошад.

- Корхонаю ташкилотҳои расман ба қайд гирифташуда дар 11 моҳи соли равон ба маблащи 24,8 млн сомонӣ корҳои хизматрасониро анҷом додаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2017, ба миқдори 5,0 млн сомонӣ зиёд ва ё ин, ки  125,0 фоизро ташкил додааст.

- Дар 11 моҳи соли ҷорӣ 1409 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст, ки 331 адади он доимӣ ва 1078 адад мавсимӣ мебошанд.

- Корхонаҳои саноатии шаҳр бо назардошти тадқиқотҳо бо нархҳои амалкунанда дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба маблащи 196,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 41,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

- Тибқи қарори Раиси шаҳри Ҳисор аз 15 феврали соли 2018, №132 муассисаи давлатии ободонӣ ва кабудизоркунӣ таъсис дода шуд. Муассиса фаъолияти кории худро аз 1 марти соли 2018 ощоз намуда, дар он 70 нафар коргар фаъолият менамоянд. Муассиса дорои 4 адад техника буда, ҳамаи онҳо дар ҳолати хуби кори қарор доранд.


- Дар ёздаҳ моҳи соли 2018 ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолкардаи кишоварзон ба 747 млн. 216 ҳазор сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,1 фоизро ташкил менамояд.


- Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида дар самти растанипарварӣ 586 млн. 981 ҳазор сомонӣ ва дар самти чорводорӣ 160 млн. 236 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

- Мувофиқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1 декабри соли равон майдони 5252 гектар зироатҳои щалладонагӣ бо дарназардошти ҷуворимакка барои дон ва шолӣ ба пуррагӣ ҷамъоварӣ гардида, аз ин майдонҳо ба миқдори 13563 тонна щалла ба даст оварда шудааст.

- Дар ҳамин давра хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 7309 тонна шир истеҳсол кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба дурнамои солона 101,5 фоизро ташкил  медиҳад.

- Бо мақсади фароҳамии шароити мусоиди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии шаҳр дар деҳаи Арҷинаки болои Ҷамоати деҳоти Хонақои кўҳи барои 80 нафар хонанада, дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти сомон барои 100 нафар хонанда, дар маҳаллаи Зарнисори шаҳраки Шарора барои 640 нафар хонанда дар як баст муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шуд. Инчунин, сохтмони бинои муассисаҳои таълимии №№ 38, 43, 44, 73 ва бинои муассисаи нотамоми деҳаи Ҳисор ба нақша гирифта шудааст.

- Дар ин давра дар назди 25 муассисаҳои таълимӣ сохтмони 69 синфхонаҳои иловагӣ ба нақша гирифта шуда, 34 синфхонаи иловагӣ дар ҳолати анҷомёбӣ қарор дорад.

- Дар 11 моҳи соли 2018 ба Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор 38 ҳазору 374 нафар сайёҳон ташриф овардаанд, ки аз он 7983 нафарро сайёҳони хориҷӣ ва 3235 нафарро меҳмонони расмӣ ташкил медиҳанд.

Итминони комил дорам, ки мо фаъолони шаҳр аз ўҳдаи вазифаҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сарбаландона мебароем ва шаҳри Ҳисорро боз бештар ба як минтақаи пешрафт ва шукуфону муаррифгари тамаддуни миллат табдил медиҳем- зикр дошт дар иктифои маърӯза раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru