Дасти дуои пирон...

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 14
  • Минбаъда

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода бо мақсади арҷгузорӣ ба собиқаи корӣ ва огоҳӣ бештар аз вазъи зиндагӣ чанд нафар аз собиқадорони меҳнат ва шахсони ниёзмандро аёдат намуда, тӯҳфаҳои Соли навӣ ва маводи хӯрока таъдим намуд. Пирони рӯзгордида дар вақти сӯҳбату дидорбинӣ арзи он доштанд, ки Тоҷикистон дар ҳақиқат бо шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи тозаи рушд ворид гардида, Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 метавонад дар роҳи иҷрои нақшаи чорабинҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ саҳмгузор бошад. Аёдатшудагон барои чунин иқдоми хайр изҳори сипос намуда, оромии кишвар ва пешравии фаъолиятро дар ҳама самтҳои давлатдорӣ таманно доштанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru