Чу узве ба дард оварад рӯзгор

http://www.zoofirma.ru/

 

Дар ҷаҳони муосир, раванду ҷараёнҳое арзи ҳастӣ намудаанд, ки башариятро таҳти таҳлукаву тарс қарор додаанд. Бидуни оне, ки теъдоди офатҳои табиии вобаста ба тағйирёбии иқлим меафзояд ва ҷони чандин инсонҳоро ҳар рӯз аз миён мебарад, боз омили номатлуби аср-терроризму экстремизм ба ҷони одамон хатар эҷод мекунад.

Ба сари мардум тоҷик амали даҳшатбори ин омили номатлуб ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта омада буд. Ин рӯзҳоро мардуми тоҷик ҳаргиз аз ёд намебарад. Зеро ҷону моли онҳо дар ин ҷанги таҳмилӣ талаф ёфта буду асари талху шӯри он то имрӯз бисёр оилаҳоро азият медиҳад. Бар асари ин ҷанги хонумонсӯз беш аз 100 ҳазор кушта, зиёда аз 60 ҳазор гуреза ба кишвари ҳамсояи Афғонистон ва 195 ҳазор ба кишварҳои ба мо дӯсти Ӯзбекистону Русия фирор намуданд. 35 723 хона вайрону валангор, 25 ҳазор зан бева, 53 ҳазор кӯдак ятим гаридид. 61 муассисаи тиббӣ аз фаъолият боз монда, дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон бисёр мактабҳо мавриди роҳзаниву ғорат қарор гирифтанд. Аз соли 1992 то 1993 маблағи умумии зарари моддӣ беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Иқтисоди Тоҷикистон касод ва муфлис гардида, Тоҷикистон ба қатори яке аз давлатҳои қашшоқ ворид шуд. 800 гурезаи тоҷик, ки ба кишварҳои Афғонистону Покистон ва дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя фирор намуда буданд, ба Ватан боз гардонда шуд. Сарвари давлат ҷон ба кафи даст ба ҷумҳурии Афғонистон рафта, бародарвору падарвор гурезаҳои тоҷикро ба Ватан овард. Мардум ба ин ҷавонмарди асил ба суханҳои пурмеҳру самимонаи пешвои бовар намуда, ба хоки Тоҷикистон боз гаштанд ва зиндагиро аз сари нав оғоз намуданд.

Мардуми тоҷик таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалї Раҳмон ва ғайрату шуҷоати беназири ин абармади сиёсат вайронаҳоро обод, даштҳоро хуррам ва бисёр иқдомҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоиро анҷом дод, вале зарари маънавию равонии аз ин ҷанг расидаро ҷуброн кардан метавон? Худоё он рӯзҳоро душмани кас набинад. Вале чи мегӯед, ки сенарияи ин ҷанг дар бисёр мамолики Шарқи Наздик ва Афғонистон амалӣ гардида ва то имрӯз идома дорад. Вазъи сиёсии Украина низ мисоли ин гуфтаҳо мебошад. Башарият дар назди мушкилоти эҷодкардаи худ дар андеша аст. Зеро чуноне Саъдии бузургвор фармудааст:

Чу узве ба дард овард рӯзгор

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Яъне аз амалҳои террористӣ ягон давлат эмин буда наметавонад. Тоҷикистон дар самти мубориза бо ин омили даҳшатбору ваҳшатбор якумин шуда дар ҷаҳон, иқдоми ҷиддиро пеш гирифт. Имсол конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”-ро дар Душанбе баргузор шуд, ки намояндаи беш аз 500 давлати дунё дар он ширкат намуд. Ҳамзамон, имсол Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд.

Тоҷикистон яке аз пешоҳангони мубориза бо омили манфури аср терроризму экстремизм дар ҷаҳон шинохта шуд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҳангоми суханрониҳояш аз минбарҳои баланди ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ оид ба мубориза бо ин падида номатлуб ҳарф зада, аз дини поки ислом ҳимоят мекунанд. Махсусан, ҷиҳати бас кардани муноқишаҳо дар давлати Афғонистон ва дастгирии мардуми ин кишвар ҳарф мезананду ҷонибдорӣ менамоянд. Воқеан, ин амалҳои созандаву хайрхоҳонаи Пешвои миллат боиси ифтихору сарфарозист.

Шоњрух Карим

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru