Ҳиҷоб дар ҶТ манъ нашудааст

http://www.zoofirma.ru/

 

Дар интернет омадааст, ки мақомоти тоҷик алайҳи занони сатрпӯш ба марҳалаи нави мубориза оғоз намудааст.

Аввалан, чунин корҳо бармонанди мақомоти тоҷик дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Тамаффуни дурусти он мақомоти давлат ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дуюм, дар ҳолате, ки давлат мавҷуд аст, вай барои ҷорӣ намудани корҳои муайн ба мақомоти махсус қарору қонунҳо қабул менамояд. Ҳоло чунин қонун вуҷуд надорад, вале дар бораи он ғавғо бардоштан, дуруст нест. Радиои озодӣ ба ин масъала чи алоқае дорад. Қонун, ки баромад дар он навишта мешавад, ки барои чи ба занҳои сатрпӯш ба вазоратҳо, идораҳо даромадан манъ карда мешавад, дар кадом шакли либос ворид шудан ба идораҳо иҷозати занон дахолате надорад.

Саввум, сатрпушии занон ба мусулмон будан ва ё набудани онҳо чи дахл дорад. Бисёр заноне ҳаст, ки сатрро ҳамчун рупӯш намудани ғаразҳои ҳароми худ истифода менамоянд. Мо намегӯем, ки ӯ мусулмон аст ё мусулмон нест.

Гузашта аз ин ҳар кадом миллат урфу одат, анъанаҳо хоси либоспӯши доранд ва тавассути риояи онҳо ноидрияту нотакрории худро нигоҳ медорад. Аввалан, ки на дар ҳама гушаю канори Тоҷикистон имрӯз сатр кардан вуҷуд дорад ва ин дар он ҷое аст, ки аҳолии тоҷиктабор зиндагӣ мекард дида мешуд. Ҳануз соли 1908 инқилобчиёни рус дар байни аҳолии кӯҳистон пушидани ҳиҷобро мушоҳида накарда буданд, ҳоло ин ки аз замони bҳокимияти аморати Бухоро побарҷо буд. Шумо ба номи ҳимоятгарони посдошти миллат баромад менамоед, ки чун тоҷик дар асри кайҳон ба маданияти мардуми саҳронишин ва кучманчи баргарданд. Шумо онро намедонед, ки ҳар минтақаи ҷуғрофи вобаста ба шароити табии сару либос интихоб намудааст. Мардуми кӯчӣ ва саҳронишини араб ба хотири риояи гигенаҳо, ҳифзи худ аз ҷангу ғубори саҳроҳо пӯшидани чунин либосро интихоб кардаанд.

Шумо вақте ки дар бораи чизе менависед, аввало дар бораи вай иттилооти илмӣ дошта бошед. Аммо аз гузашта масъалае, ки Шумо пешниҳод мекунед, маълум мегардад, ки амалҳои шумо дар пояи эҳсосоҳо асос ёфта аз рӯи хирад нест.

Мудири кафедраи фанњои љамъиятшиносї дотсент Неъмонов Љ.Н.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru