Сатр ё чатр

http://www.zoofirma.ru/

Сатр ва чатр ба мисли агар ва магар на танҳо монандӣ доранд, балки як ҳарф онҳоро аз ҳам фарқ мекунонад. Аммо умумияти асосии онҳо дар он аст, ки занҳо аз онҳо ҳамчун ашёи муҳофизатии тани худ истифода мебаранд. Агар чатр инсонро аз борону барф, жолаву нури сўзони офтоб ҳимоя намояд, сатр бадани занонро аз нигоҳи дигарон пинҳон медорад. Сатри зани мусалмони тоҷик ҳамон либоси миллии анъанавӣ ба ҳисоб меравад, аммо имрўз назарҳо доир ба он гуногун гаштааст. Бархе занон анъанаҳои либоспўшии қадимаи тоҷикро идома дода истодаанд, бархе дигар рў ба либосҳои мазҳабӣ овардаанд ва гуруҳе пайравӣ ба либоси занони турк, ҳинд, рус, аврупоиву амрикоӣ ва муди ҷаҳонӣ доранд, ки ин ҳама нофаҳмию бархурдро дар ҷомеаи мо ба бор овардааст.

Пўшидани либосҳои мазҳабӣ дар охири асри 20 ва аввали асри 21 дар Тоҷикистон рў ба афзоиш овард, ки он бо таъсири фарҳанг ва мазҳаби ба мо бегона сурат гирифт. Акнун либос аз як ҷузъи фарҳангию иҷтимоӣ ба силоҳи муборизаҳои идеологӣ ва мазҳабӣ табдил ёфт. Аъзои ҳизби наҳзат ва пайравони онро асосгузорони ҷараёни паҳннамоии либосҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон донистан комилан дуруст аст, зеро маҳз онҳо аз хориҷа аввалин шуда чунин тарзи либоспўширо ба ҷомеаи мо ворид намуданд. Аммо ин тасмим ва амали онҳо сирф ҳадафҳои динию ахлоқӣ надошта, балки иҷрои супориши фармоишгарони хориҷиашон буда, дар пайи он чандин аҳдоф барномарезӣ шуда буд:

Аввалан ҷалби бештари занон ба пўшидани либоси мазҳабӣ ин рекламаи ноаёни ҳизб ба ҳисоб мерафт;

Дуввум пўшидани либоси мазҳабии сиёҳ нишонаи аввалини шиагароии занонро дошт ва дар миёни мардон доштани ангуштарини нигиндор ба ин маънӣ буд;

Саввум пўшонидани занон ба либоси мазҳабии сиёҳ, маънои ҳамрайъӣ ба шиамазҳабони эрониро дошт, ки ин боиси бархурди пайравони шиа ва сунӣ дар ҷомеаи тоҷик гардид;

Чаҳорум тарғиби либоси мазҳабӣ дар худ ҷанбаҳои молӣ низ дошт. Зеро корхонаҳои либосбарории Эрон ва Туркия бозорро аз худ карданд ва тоҷирони наҳзатӣ сармояи ҳангуфте ба даст оварданд;

Панҷум либосҳои мазҳабӣ, яъне сатр ва ҳиҷоб ҳамчун ниқоб хидмат карда метавонад. Барои афроди ҷиноятпеша дар зери либоси мазҳабӣ пас аз содир кардани ҷиноят пинҳон шудан хеле осон аст.

Дар амалигардонии ин барномаи худ наҳзат дар баробари истифода аз афроди шинохтаи кишвар, ба монанди занони сароянда, боз аз хидмати занҳои бероҳаю бадахлоқ васеъ истифода бурд. Барои занҳои бадахлоқ ба бар кардани либоси мазҳабӣ на танҳо боиси хуб ҷилва додани онҳо дар назари ҷомеа гардид, балки теъдоди муштариёни он «парҳезкорон»-ро афзун намуд. Аммо бо гузашти замон воқеият ба ҳама маълум гардид ва назари ҷомеа ба занҳои мазҳабии сохта тағйир ёфт. Аз ҷониби дигар дар чандин ҷиноят занҳо бо либоси мазҳабӣ иштирок намуданд. Аз ҷумла, сўхтори бузурги чанд сол пеш дар бозори «Корвон» тавассути як зани либоси мазҳабӣ дошта, амалӣ гашта буд.

Фаъолияти минбаъдаи наҳзат нишон дод, ки онҳо пурра аз паи иҷрои барномаи дар хориҷа тарҳрезишуда буданду ҳастанд ва либоси мазҳабӣ ҷузъе аз он барнома аст. Ҳарчанд имрўз фаъолияти наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон қонунан манъ гардид, вале берун аз ҷумҳурӣ ҳанўз ҳам ҷилванамоӣ намуда, мехоҳад таваҷҷуҳи оламро ба худ ҷалб намояд. Дар ин масир аз ҳамон тактикаи қаблии худ яъне бечоранолӣ идома дода, масъалаи манъ гаштани либоси мазҳабӣ дар Тоҷикистонро ба миён овардааст. Ахбори бардурўғ оид ба манъи вуруди занҳо бо либоси мазҳабӣ ба идораю корхонаҳо новобаста аз шакли моликият дар Тоҷикистон паҳнгашта низ амали дасти наҳзат аст.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru