ОЛИМОН-БИОЛОГҲО ЗИДДИ ЗУҲУРОТИ ТЕРОРИЗМ

http://www.zoofirma.ru/

 

Илм яке аз омилҳои калидӣ дар инкишофу пешрафти ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии сокинони сайёра ба шумор меравад. Аммо рушту нумуи бемайлони илм пеш аз ҳама ба сулҳу салоҳ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии сокинони ин ё он давалат зич алоқамандӣ аст. Аз ин лиҳоз олимону мутахассисони Институти ботаники, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ ба масъалаи минбаъд ҳам тақвият бахшидан ба сулҳу салоҳ дар мамлакат, боз ҳам устувор гардонидани ваҳдати миллӣ баҳри тинҷиву оромии ҷомеа кушиш ба харҷ медиҳанд.

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст, ки «авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст, кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд. Ин вазъият самаранокии мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосирро, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва талошҳои муштараки ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро тақозо менамояд, коҳиш дода, баръакс, боиси пуштибонӣ ёфтани гурӯҳҳои террористиву ифротгаро аз ҷониби баъзе доираҳо ва истифодаи ин нерӯҳои даҳшатнок ба муқобили минтақаву давлатҳои алоҳида мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он Стратегияи ҷаҳонии созмонро оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он, қатъномаҳои Шӯрои амният ва Маҷмаи умумиро асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ дониста, омодагии худро ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин арса изҳор менамояд. Ба ин хотир, Тоҷикистон талошҳои худро вусъат бахшида, дар самти муборизаи самарабахш бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир, чун пештара, шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ хоҳад буд».

Олимони Институт ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ сулҳу ваҳдат, осоиш ва амнияти кишваро, ки аз сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки мақсади асосии он ба гул-гулшукуфои Тоҷикистони азиз, ваҳдатофаришӣ, сулҳ ва инсондустию инсонпарварӣ равона карда шудааст, ҳаматарафа дастгирӣ ва ҷҷонибдорӣ намуда, кирдорҳои гурўҳҳои ҷиноятпеша, терористӣ ва роҳбарони авбоши онҳоро дар ҳаёти инсонӣ сахт маҳкум менамоянд.

Олимон – биологҳои Тоҷикистон шукри онро менамоянд, ки сиёсати дурандешонаи интихобкардаи Сарварии давлат, ки моҳияти он сулҳу ваҳдатофарӣ мебошад, ҳар як сокини соҳибфарҳанги кишварро, пеш аз ҳама мо олимонро водор месозад, пеши роҳи тероризм ва эксремизмро гирфта бошаем ва кушиш ба харҷ диҳем, ки ҷавонон фирефтаи ҳар гуна фитнаҳои онҳо нагарданд.

Мо, олимон ва кормандони соҳаи илм бояд сулҳу осоиштагии Ватанро мисли гавҳараки чашм доимо эҳтиёт намуда, бо дастовардҳои минбаъдаи илмиамон бояд рушду нумуи кишварамонро тақвият бахшем, то ин ки он дар ҷараёни ҳаёти мураккаби олами имрўза ва дар назди ҳар гуна нохалафону бадбинон қаввӣ ва устувор бошад.

Дар ин ҷо як нуқтаи басо муҳимро бояд қайд намуд, ки тарбияи насли наврас дар рўҳияи ватандўстӣ, ки ин падидаи нави иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ башумор рафта, барои танзими ҳаёти солими инсонҳо ва пешрафти ҷомеъа омили асосӣ баҳисоб меравад. Соли сипарӣ гашта (соли 2018) халқи тоҷик 21-умин солгарди  Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдат дар байни халқи тоҷик мартабаю мақом ва аҳамияти бештар пайдо кард.

Таърих исбот мекунад, ки дар ҳама давру замон содиршавии терроризм ва экстремизм вуҷуд дошт ва дар нимаи дуюми асри ХХ дар қатори дигар мушкилотҳои башарӣ, терроризм ва экстремизм ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт. Зарур аст, ки омӯзиши ин самт дар корҳои зиёди илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон баррасӣ карда шудааст ва проблемаи мазкур онро тақозо мекунад, ки  ин самт бояд ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи терроризм ва экстремизм муайян карда шаванд. Назари таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон дар ин хусус нишон медиҳад, ки созмонҳо ва давлатҳои алоҳида террористон ва экстремистонро тайёр намуда, онҳоро ба ин ё он давлат мефиристанд. Дар  асрҳо ХХ-ХХ1 олами башари ба чунин вабоҳои аср, аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, хариду фурӯши силоҳ, савдои одамон ва нашъамандӣ дучор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат,  Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон чандин маротиба аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид менамоянд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд. Тамоми қишрҳои ҷомеа ва хосатан олимону мутахассисони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ Паёми имсолаи Пешвои миллатро, ки тамоми самтҳои рушди мамлакатро дар бар мегирад, баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифаҳои  дар Пайём гузошташуда малака ва донишу таҷрибаи хешро сафарбар менамоянд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба 
ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Мо ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем.

Ба мо олимон, чун ҳамаи сокинони кишвар зарур аст, ки ин Ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромиро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, баҳри гул-гулшукуфии Ватанамон ҳамеша дар талошу ҳиссагузор бошем, ба гурўҳҳои экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки гурўҳҳои нохалаф фазои ороми Тоҷикистони азизамонро дар оянда халалдор созанд.

аъзои фаъоли ҳизб

Акобир МИРЗОРАҲИМОВ –директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми биология, профессор,

Қурбоналӣ ПАРТОЕВ - мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳо, доктори илмҳои кишоварзӣ..

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru