САТР ВА РӮСАРӢ СИЛОҲИ НАВИ ГУРӮҲҲОИ БАДХОҲИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

http://www.zoofirma.ru/

 

Аслан тоҷикон тӯли таърихи мавҷудияти худ барои ворид намудани фарҳангҳои бегона хуни бародари худро резонда, то ки дар дар назди хоҷагони хориҷии худ соҳиби “таҳсину офарин” гардад. Ҳамин гуна бадхоҳиву якдигарбадбиниро тоҷикон барои ворид намудани фарҳанги арабию чингизӣ ҳам карда, дар таърихномаҳои истилогарон мавриди ситоиш қарор гирифтаанд. Вале мардуми меҳнатии тоҷик аз ин фарҳанги бегонагон ҷуз дарди сар чизи дигаре ба даст наовардаанд. Масалан, дар асри таназзули муғулон вазъи ба сари қудрат омадани тоҷикон ба вуҷуд омада буд, вале Амир Ҳусейн ном тоҷики сарсупурда ба сиёсати Темур бо ҳилаву найранг Мавлонзода ном пешвои тоҷиконро ба дасти Темур супорида, бо ин васила ба “таҳсину офарин”-и Темур умед баста буд, ғайричашмдошт Темур ӯро дар назди Мавлонзода пора-пора кард. Вале ин ҳодисоти мудҳиш то ҳол хислати “бегонапарварӣ”-и моро кам накардааст, балки бо усулҳои тоза ба тоза зуҳур карда истодааст. Магар дар асри 21 дар болои сатру ришу мӯйлаб масъалагузории ҳамватанони мо зарур аст. Радиои озодӣ агар маводе дар бораи ГЭС-и Роғун ва иқтидори он пешниҳод намоед, барои чопаш розигӣ намедиҳад, вале ба масоили парастиши фарҳангҳои бегона худ мақола фармоиш медиҳад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якҷоягӣ бо халқи шарифи тоҷик дар бунёди ГЭС-и Роғун софдилона ва якдилона меҳнат карда истодаанд, то мардум як бор аз мардикорию дарманмондагӣ раҳоӣ ёбанд. Ба Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон мардум аз рӯи запҳматҳои созандагиашон эҳтиром мегузоранд ва дигар касе дар фикри сатру рӯсариву ҳиҷоб нест. Ин масоили одами асри 21 набуда, ба гурӯҳҳои иғвоангезу терорист хос мебошад. Шумо дигар бо ин масоили ночиз ва даъвоҳои бебунёд мардумро гӯл зада наметавонед. Шумо дар тамоми дунё ҷоғ занед ҳам, мардуми тоҷик шуморо шинохтааст. Рӯсарии шумо шиками ягон мардикорро сер намекунад, шумо ҳаққи аз номи ислом сухан кардан надоред. Исломро шумо воситаи мубориза ва ҷоҳталабӣ истифода бурда истодаед.

Ба қавли шоир:

Бирав, ин дом бар мурғи дигар неҳ,

Ки анқоро бузург аст ошёна

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru