Либос баёнгари фарҳангу тамаддуни миллат аст

http://www.zoofirma.ru/

 

Ҳар як қавму миллат бо забон, расму оин, урфу одат ва анъанаҳои худаш шинохта мешавад. Миллати куҳанбнёди тоҷик низ да қатори дигар миллатҳои дунё расму оин ва урфу одатҳои хоси худро дорост ва метавон гуфт, ки онҳо боиси ифтихору сарфарозии тоҷикон мебошад.

Вақтҳои охир аз тарафи баъзе шаҳрвандони тоҷик ҳисси бегонапарастӣ мушоҳида мегардад ва ин ҳолатро мо асосан дар тақлидкории ҷавондухтарону бонувон мушоҳида менамоем. Ин тоифа ашхос худро боифату парҳезгор нишон дода, ба ин восита либоси бегонаро дар байни мардум тарѓиб менамоянд. Хуб дар хотир дарам: вақте ки аз як ҷавонзане пурсиданд, ки ту барои чӣ дар кўчаҳо бо сатру ҳиҷоб мегардӣ? Ў чунин посух дода буд: Ба ин восита мехоҳам ба боварии мардон дароям.

Магар боифативу поктинатӣ дар ба бар намудани сатру ҳиҷоб, рўсарию ниқоб аст ё виҷдони поку имони мустаҳкам доштан ба Худованди бузург?

Миллати бофарҳанги тоҷик, ки имрўз дар ҷаҳон ба туфайли фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинохта шудааст, дар қатори расму оинҳои хеш либосҳои зебои махсуси худро дорад. Чӣ бадӣ дорад, агар зани тоҷик ба тан либосҳои аз атласу адрас омодагардидаро ба бар кунад? Ҳол он ки кайҳост, ки атласу адраси тоҷикон дар байни қавму миллатҳои мардуми Осиёи Миёна ва хориҷ аз он шуҳратёр гардидааст. Ё пўшидани куртву поҷомаҳои чакан, ки ба бонувони тоҷик хосу зебанда аст, ягон ҷойи бадӣ дорад? Мо ин қадар сару либосҳои зебо дорему чаро ба либосҳои бегонагон майлу раѓбат намоем?

Мебинем, ки сатру ҳиҷоб асосан аз матоъҳои ранги сиёҳдошта омода мегарданд ва ранги сиёҳро ҳамчун ранги мотаму азодорӣ мешиносанд. Чӣ ҳоҷат аст, ки занону хоҳарони мо дар кўчаҳо бо чунин либосҳои барои мардуми мо бегона сайру гашт намоянд?

Соли 2018 бо Қарори ЮНЕСКО чакани тоҷикон ба қатори фарҳанги ѓайримодии ҷаҳон пазируфта шуд. Магар ин боиси ифтихор аз фарҳангу маданияти миллати тоҷик нест? Пас, мо тоҷикон, бояд аз гузаштаи худ ифтихор намоему бояд дар пойдорию арҷгузори ба фарҳанги худамон саҳмгузор бошем. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон тарафдори он аст, ки шаҳрвандони мамлакат анъанаҳову расму оинҳои гузаштагонамонро пос доранду пайи ҳавою ҳавас ва бегонапарастӣ нашаванд. Махсусан зани тоҷикро либоси миллии худаш зебанда асту баёнгари анъаноти аҷдодӣ. Мусаллам аст, ки шахс дар интихоби либос озод аст, аммо риояи рукнҳои давлатдорӣ ва эҳтироми урфу одат ва расму оинҳои миллӣ низ барои ҳар як шаҳрванди миллат фарз аст.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru