Ҷаласаи корӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Санаи 4 январи соли ҷорӣ муовини Сарвазири мамлакат муҳтарам Азим Иброҳим дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо фаъолон ва соҳибкорони шаҳр бо мақсади омӯзиш ва таҳлилу баррасии нақшаи корӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргузор намуд.

Дар оғоз раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода оид ба рафти иҷрои корҳо, бунёди иншоотҳои ҷашнӣ ва вазъи ҳуҷҷатгузорию омодагии он маълумоти муфассал пешниҳод кард. Баъдан муовини Сарвазири мамлакат муҳтарам Азим Иброҳим аз масъулон рафти иҷрои корҳоро дар маҳал пурсон шуда, барои тақвияти фаъолият дастуру вазифагузории мушаххас баён дошт.

Бояд тазаккур дод, ки аз 613 иншооти ҷашнӣ 57 иншооти таъиноташон гуногун мавриди истифода қарор гирифт ва давоми рӯз муовини Сарвазири мамлакат муҳтарам Азим Иброҳим дар ҳамроҳи бо раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода дар ифтитоҳи 4 иншоот ширкат варзида, аз 10 иншооти бунёдшаванда боздиди корӣ анҷом дод.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru