ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз728
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1430
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта7781
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта12980
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36764
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта73957
mod_vvisit_counterҲамагӣ1075414

Нишасти матбутии раиси шаҳр

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбор аз 26 рӯзномаву маҷалла, ширкатҳои телевизион ва радиои ҷумҳуриявию маҳаллӣ нишасти матбуотии раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода баргузор гардид.

Дар оғози нишаст раиси шаҳр аз натиҷаҳои фаъолияти иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли 2018 маълумот дода, аз ҷумла зикри он дошт:

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар соли 2018 фаъолияти худро бобати амалигардонии нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳояшон дар маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва дигар барномаҳои соҳавӣ равона намуд.

Рушди иқтисодӣ ва амалисозии муҳимтарин ормонҳои давлатдорӣ ба таъмини нақшаи андоз вобастагии зич дорад ва як самти муҳими фаъолият дар соли сипаригардида иҷрои нақшаи андоз ба ҳисоб мерафт.

Иҷроиши қисми даромади буҷет дар соли 2018 ба андозаи 100,7 фоиз таъмин гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 1,2  млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 16,7 млн  сомонӣ  зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ 108,4 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда буд ва он 100,1 фоиз иҷро гардид, ки назар ба ҳамин даври соли гузашта 6,9 млн. сомонӣ зиёд аст.

Қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андозҳои иҷтимоии корхонаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ низ 100,2 фоиз таъмин  гардид.

Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ симои шаҳри Ҳисор ба куллӣ тағйир ёфта 37 иншоот ба маблағи 196,7 млн сомонӣ сохта аз тарафи комиссияи шаҳрӣ қабул ва барои истифода супорида шудааст.

Тибқи маълумоти оморӣ  дар муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ба ҳолати 1 декабри соли 2018 қарздории музди меҳнат вуҷуд надорад.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 121,0 млн сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба 105,7 фоиз баробар аст.

Теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр 59 адад буда, асосан дар самти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноати сабук, нушокии машруботӣ, маҳсулоти нафту газӣ, оҳан ва маводи сохтмонӣ  фаъолият доранд.

Дар соли 2018 ба маблағи 213,8 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва коркард карда шуд, ки нисбати соли 2017-ум 44,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Бо мақсади тақвият бахшидан ба истеҳсоли маҳсулоти саноатии ватанӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ дар соли 2018 дар ҳудуди шаҳр 5 корхонаи хурду миёна, аз ҷумла дар соҳаҳои коркарди маҳсулоти ширӣ, парандапараварӣ, сохтмон ва коркарди пахта бунёд ва ба истифода дода шуданд. Айни ҳол дар корхонаҳои мазкур беш аз 117 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.

Ҷамъи умумии маҳсулоти истеҳсолкардаи кишоварзони шаҳр дар соли 2018 ба 756 млн. сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,1 фоизро ташкил менамояд.

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида дар самти растанипарварӣ 588,1 млн. сомонӣ ва дар самти чорводори 167,9 млн. сомониро ташкил намуда, нисбатан ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи растанипарвари ба андозаи 109,2 фоиз зиёд гашта, дар соҳаи чорводорӣ 100,0 фоизро ташкил менамояд.

Соли 2018 дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ ба миқдори 22 ҳазору 578 тонна ғалладона, 4887 тонна пахта, 1039 тонна зироатҳои равғандиҳанда, 13 ҳазору 485 тонна картошка, 43 ҳазору 404 тонна сабзавотҳо, 3644 тонна полезӣ, 20 ҳазору 483 тонна мева, 30 ҳазору 251 тонна ангур, 5178 тонна гӯшт, 27 ҳазору 153 тонна шир, 4 млн. 112 ҳазор дона тухм, 22,8 тонна пилла, 35,9 тонна асал ва 5,2 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол гардидааст, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли 2017 ба миқдори 2322 тонна пахта, 4160 тонна картошка, 6353 тонна сабзавот, 452 тонна полезӣ, 1561 тонна мева, 2083 тонна ангур, 9 тонна гӯшт, 8 тонна шир, 11 ҳазор дона тухм ва 2,5 тонна асал зиёд мебошад.

Ҳамзамон баъди ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладона, пиёзи бехӣ ва картошка, хоҷагиҳои кишоварзӣ тавонистанд дар заминҳои аз зироатҳо холишуда дар майдони 1602 гектар кишти такрории зироатҳоро гузаронанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47 гектар зиёд буда, дурнамои тасдиқшударо ба андозаи 123,2 фоиз таъмин намуд.

Соли 2018 хоҷагиҳои пахтакорӣ шаҳри Ҳисор сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти рушди соҳаи пахтакорӣ ҷонибдорӣ намуда, аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, дар соли ҷорӣ мувофиқи маълумотҳои омории дастрасгардида дар майдони 2714 гектар кишти пахта гузарониданд, ки нисбати соли 2017-ум 1712 гектар зиёд гашта, 97 фоизи дурнамои киштро таъмин намудааст. Аз майдонҳои киштгардида мувофиқи маълумотҳои оморӣ ба миқдори 4887 тонна пахта бо вазни кондитсионӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 18 сентнериро ташкил медиҳад.

Соли 2018 дар деҳаи Арҷинаки болои Ҷамоати деҳоти Хонақои кӯҳи  барои 80 нафар хонанда, дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Сомон барои 100 нафар хонанда, дар маҳаллаи Зарнисори шаҳраки Шарора барои 640 нафар хонанда дар як баст сохта, ба истифода дода шуд. Инчунин, сохтмони бинои муассисаҳои таълимии №№ 38, 43, 44, 73 ва бинои муассисаи нотамоми деҳаи Ҳисор ба нақша гирифта шудааст. Ба ғайр аз ин, бахшида ба 30-солагии Истиқлолият 65 синфхонаҳои иловагӣ, 6 мактаб ва 12 муассисаи томактабӣ сохта хоҳад шуд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон 41 муассисаи тиббӣ, 5 клиникаи хусусӣ, 3 таваллудхона, 24 дорухона то соли 2021 сохта хоҳанд шуд.

Дар соли равон 305 нафар занону духтарони хонашин ба курсҳои омӯзиши ҷалб гардида, ҳамаашон бо сертификат таъмин карда шудаанд.

Варзишгарони шаҳри Ҳисор дар давоми сол дар мусобиқаҳои бонуфузи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат намуда, бо 124 медали тилло, 71 медали нуқра ва 101 медали биринҷӣ сазовор гашта, ҷамъ соҳиби 296 ҷоиза гаштанд, ки нисбат ба соли гузашта 37 адад зиёд мебошад.

Аз ҷониби кормандони фарҳанги шаҳр бахшида ба ҷашнҳои таърихию сиёсӣ чорабиниҳои гуногуни оммавию сиёсӣ ва фарҳангию маърифатӣ доир карда шуда,  ҳунармандони бахш дар озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2018» соҳиби Шохҷоиза гардиданд. Инчунин, дар соли ҷорӣ дар назди бахши фарҳанги шаҳр ансамбли рақс таъсис дода шуд.

Соли равон ба муассисаи давлатии Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор зиёда аз 40 ҳазор нафар меҳмонон ва сайёҳон аз дохил ва хориҷи кишвар ташриф оварданд. Аз ҷумла, 8290 нафар меҳмонон аз хориҷ, ки 3422 нафарашон меҳмонони расмӣ мебошанд. Аз ин ин ҷо дидан карданд. Дар муқоиса бо соли 2017 сайёҳони хориҷӣ 4682 нафар, сайёҳони дохилӣ 8441 нафар дар ҷамъ 13123 нафар сайёҳон зиёд ташриф оварданд.

Бо  мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ баргузор намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳияи нақшаи чорабиниҳо, ҳуҷҷатгузории иншоотҳои ҷашнӣ, бунёд ва марҳила бар марҳила мавриди истифода қарор додани онҳо корҳои зарурӣ тамалӣ мешаванд. То имрӯз аз 613 иншооти ҷашни пешбинигардида, 37 иншоот мавриди истифода қарор гирифтанд.

То ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар назар аст, ки бино ва иншоотҳои ёрирасони 6 муассисаи таълимӣ, 65 синфхонаи иловагӣ ва 12 муассисаи томактабӣ сохта ба истифода дода шаванд.

Ҳамзамон таъмир ва бунёди 41 муассисаи тиббӣ, 5 клиникаи хусусӣ, 3 таваллудхона,  24 дорухона, ҳамчунин бунёди 10 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, 40 майдончаҳои варзишӣ, 14 толори варзишӣ, 2 боғи фарҳангӣ, 45 маркази хизматрасонӣ, ҳамом, ошхонаву тарабхона, меҳмонхона, сартарошхона, кошонаи ҳусн, дар маҷмӯъ  чунонки қаблан зикр доштам, 613 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Баъдан рӯзноманигорон ба пурсишҳои худ аз раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода посух гирифтан ва дар анҷом нишасти матбуотӣ ҳайати эҷодии рӯзномаву маҷаллаҳо ва ширкатҳои телевизиону радио бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ шуданд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru