ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2422
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1769
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта11883
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13488
mod_vvisit_counterҲамин моҳ35269
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта56757
mod_vvisit_counterҲамагӣ1130676

Қудуми файзбори Наврўз

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Муовини Сарвазири кишвар Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар деҳаи Ғуриёти Ҷамоати деҳоти Навобод ба маҷмааи хизматрасонии бунёд кардаи соҳибкор Алиҷон Норбеков ифтитоҳ бахшиданд. Иншоот ба маблағи 700 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, даҳҳо нафар аз сокинони маҳаллиро бо кори доимӣ ва маоши баланд фаро мегирад.

Иншооти мазкур аз ошхона ва чойхона бо 36 ҷои нишаст, қассобхона, сартарошхона, нонвойхона, мағозаи атриёт, меҳмонхона барои 10 нафар ва мағозаи ашёи рўзгор иборат буда, бо риояи анъанаҳои расму анъана ва меъмории ниёгон сохта шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки соҳибкор Алиҷон Норбеков чанде қабл дар ҳамин деҳа толори варзишии боҳашаматеро сохта мавриди истифодаи ҷавонони деҳа қарор дода буд ва чандин варзишгарони ин толор алаккай чун ғолиби мусобиқаҳо шуҳратёр гаштаанд.

Ёдрас менамоем, ки бухшида ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр бунёд, таъмир ва азнавсозии 613 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, дар арафаи иди Наврӯз 56 иншооти таъиноташон гуногун мавриди истифода қарор гирифт.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru