Иди Наврӯз дар деҳаи Ғуриёт

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Дар идомаи сафари корӣ муовини Сарвазири кишвар Азим Иброҳим ва Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода дар чорабинии фарҳангии сокинони Ҷамоати деҳоти Навобод бахшида ба ҷашни байналмиллалии Наврўз иштирок ва аз намоиши хўрокҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии деҳаҳои ҷамоат, ки дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 ороста шуда буд, дидан намуданд. Дар ин рўз тўйи суннатии 20 нафар дўстрўякон аз оилаҳои камбизоат низ баргузор гардид. Муовини Сарвазири мамлакат ва Раиси шаҳр зимни суханронӣ аз хизматҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми байналмиллалӣ пайдо кардани ҷашни Наврўз ва ба таври расмӣ ҷашн гирифтани он дар кулли сайёра ёдовар шуда, аз суннатҳо ва анъанаҳои неки ин ҷашни ниёгонамон ёдовар шуданд. Дар робита ба ин зикр гардид, ки созандагию ободкорӣ аз рукнҳои наврўзӣ ба шумор рафта, хушбахтона имрўз мардуми шарафманди шаҳри Ҳисор онро бо ҷашни бузурги миллиамон  30 – солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг сохта, дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ самаранок заҳмат мекашанд.

Дар анҷоми суханронӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим сокинони шаҳрро аз номи роҳбарияти олии кишвар, махсусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муборакбод намуд.

Раиси шаҳр ба муовини Сарвазир Азим Иброҳим барои таманниёти нек изҳори миннатдорӣ намуда, барои иштирок дар ифтитоҳи иншоотҳои ҷашнӣ арзи сипос гуфт.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru