ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3428
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1399
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3428
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта11004
mod_vvisit_counterҲамин моҳ28707
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта73957
mod_vvisit_counterҲамагӣ1067357

Гусели наваскарон

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Боиси хушнудист, ки  солҳои охир маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати нангу ғурури дӯстдории Ватан ва зуҳури эҳсоси худогоҳию хештаншиносии ҷавонони шаҳр беҳтар гашта, шароити буду бош ва хизмату фароғати аскарон дар қисмҳои низомии кишвар рў ба беҳбудӣ ниҳодааст.

Бахшида ба гусели наваскароне, ки бо хоҳиши худ хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ихтиёр кардаанд, чорабинии тантавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, фаъолон ва падару модарони наваскарон ширкат варзиданд.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода дар суханронии худ, зикр дошт: «Фарзандони бонангу номуси шаҳр дар қисмҳои ҳарбӣ хизмати Ватан -Модарро сарбаландона ба ҷо оварда, бо ин рафтори ҷавонмардонаи худ бори дигар нишон медиҳанд, ки онҳо Ватану диёри худро дўст медоранд, хизмат ба Ватан ва таъмини амнияту оромии кишварро қарзии фарзандии худ медонанд.

Аз чеҳраи хандон ва тинату рафтори ҳар як нафари ҳозиршуда аён аст, ки ҳамаи шумо барои Модар - Ватан хизмат карданро қарз ва шарафи фарзандӣ медонед.

Ман аз номи худ ба ҳамаи шумо падару модарон барои тарбияи чунин фарзандони ватандӯст ва бо ору шуҷоъ изҳори сипосу эҳтиром менамоям.

Шумо падару модарони азиз ва ҷавонмардони шаҳр бояд дар хотир дошта бошед, ки ҳифзи Ватан, музаффариятҳои истиқлол, ҳаёти орому осоиштаи мардум ва таъмини амнияти устувори кишвар вазифаи ҳар як шаҳрванд аст ва иҷрои ин амали пуршараф ҷавонеро насиб мегардад, ки дар замири ӯ нисбати падару модар, муқаддасии хоки диёр ва ҳастии ин Ватани биҳиштдомон эҳсоси ҷасорату дӯстдорӣ ва шуҷоату ғайрат маскан гирифтааст.

Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомўзанд. Вақте ки мо ватандўстӣ мегўем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва якпорачагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрвани ватандўст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ мебошад.”

Баъдан чанд нафар аз наваскарон, падару модарон ва ҷавонони адои хизмат карда сухан намуда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳамии шароит дар  қисмҳои низомӣ изҳори сипос намуда, таъмини амният ва ҳимояи марзу буми Ватанро вазифаи ҳар шаҳрванд, аз ҷумла насли ҷавон маънидод карданд.

Роҳи сафед ба Шумо наваскарони гиромӣ.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru