Оғози кишти пахта дар Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Санаи 3 апрели соли ҷорӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои пахтакор дар бригадаи №9-и КВТТ «Ҳисор» пахтакорони шаҳр ба кишти пахта оғоз бахшиданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода дар мулоқот бо пахтакорони шаҳр аз муҳимияти кишти пахта, омодагии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба мавсими баҳор, техникаи кишоварзӣ, интихоб ва парвариши навъҳои беҳтарини пунбадона ёдрас шуда, таъкид бар он дошт, ки пахтакорони шаҳр аз оғози мавсим бояд бо дарки масъулият ва риояи талаботи агротехникии парвариш эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Раиси шаҳр дар суханронии худ зикри он дошт, ки пахтакорони шаҳр соли ҷорӣ дар майдони 3060 гектар замин кишти пунбадона мегузаронанд ва барои рӯёнидани ҳосил ва иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта ҳамаи шароит фароҳам буда, дар роҳи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ сокинони шаҳр дар ҳама соҳаҳои хоҷагидорӣ дучанд кору фаъолият хоҳанд кард.

Бригадаи мазкур дорои 73 гектар замин буда, аз он дар 37 гектар кишти пахта, 4 гектар сабзавот, 6 гектар шолӣ, 3 гектар картошка, 3 гектар мака - силос ва дигар намуди зироатҳо кишт карда мешавад.

Мо ба пахтакорони шаҳр дар роҳи иҷрои нақшаҳои меҳнатӣ барору кушоиш таманно намуда, эътиқод бар он дорем, ки бо рӯёнидани ҳосили фаровон дар таъмини ҳадафи чорум-саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми мунир хоҳанд гузошт.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru