ТЕРРОРИЗМ БА ҶУЗ ВАЙРОНКОРИ ДИГАР ЧИЗЕ НАМЕХОҲАД

http://www.zoofirma.ru/

Яке аз проблемаҳои муҳимтарине, ки дар доираи механизмҳои Созмони миллали Муттаҳид ба таври анъанавӣ аз ҳама асосӣ ва ҳалкунанда дониста мешавад, проблемаи нигоҳцории сулҳ ва амният дар сайёра аст. Дар бисёр гӯшаву канори замин миллионҳо одамон, ҳатто бе истифодаи яроқи қатли ом, ба низоҳои баёналмилалӣ ва минтақавӣ кашида мешаванд, ки оқибатҳои басо ногувор ба бор меорад. Тоҷикистон дар оғози ҳазорсолаи сеюм дар роҳи муҳими гардиши куллии пешрафти таърихии худ қарор дошта, барпо кардани давлати ҳуқуқбунёде, ки дар он ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон риоя мешавад, мақсади волои хеш дониста аст, эътирофи моҳияти унверсалии ҳуқуқи инсонро дар мисоли Тоҷикистон бараъло мушоҳида кардан мумкин аст. Миллати мо ба ҳамаи қарордодҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳамроҳ шуда бо мақсади мутобиқсозии қонунгузории миллии худ бо санадҳои байналмилалии тасдиқкардааш онҳоро таҷциди назар менамояд. Солҳои охир Тоҷикистон дар бисёр ҳаракатҳо ва амалиётҳои барномавии байналмилалӣ, ки як навъ кӯшиши ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳалли таҳдидҳои глобалӣ ба инсоният мебошанд, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризм, ҳифзи муҳити зист, ҳалли масъалаҳои муҳоҷират фаъолона иштирок менамояд. Яке аз масъалаҳо, ки ҷаҳони имрӯзаро ба ташвиш овардааст, ифротгароӣ мебошад. Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакпи амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае, мебошад, ки ба бенизомӣ, тағири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғаспи ҳокимият ва азони худ кардани ваколатҳои он барангехтани низоъҳои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад. (Моддаи 3, Қонун «Дар бораи мубориза бо экстремизм).

Агар ифротгароиро ҳамчун ғояи шахсият, идеологияи ҷомеа ва сиёсати ҳокимият шуморем, пас мумкин аст, онро чунин муайян намоем. Экстремизми сиёсӣ зуҳуроти ифротии идеология ва сиёсат дар сатҳи ҷомеа ва ҳокимияти давлатӣ, ки усули мақсад ноилшавӣ дар ҳолат ва шароити муайян амалҳои зӯроварӣ ва терроризм мебошад. - Терроризм содир намудани амалҳое мебошад, к ибо одамон хатари марг ба миён меоранд, истифодаи он мақсади ҷисмонан бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсондани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимят қабул кардани қарорҳо мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳкид ва паст задании шаъну шарафи инсон, инҳо ҳамчун ҳодисаҳои сиёсӣ ба миён меоянд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки террористон асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақаи тамоми ҷаҳон аз он ҷумла, ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳцид мекунад. Ба муқобили терроризм бояд ҳам ҷомеа ва ҳам давлат мубориза баранд. Солҳои охир равандҳои иртиҷоие ба монанди терроризм, экстремизм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон тадриҷан доман паҳн намуда ба омилӣ асосии муракабшавии муносибатҳои байналхалқӣ табдил ёфта

Ҳамидов Шарифҷон

Сокини ш.Ҳисор

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru