ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1275
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3047
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта9039
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта15528
mod_vvisit_counterҲамин моҳ46402
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта63004
mod_vvisit_counterҲамагӣ1204813

Рӯзи оила

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

Бузургтарин ҳадафе, ки имрўз дар назди мо қарор дорад,  бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ мебошад. Вобаста ба ин мо бояд амиқ дарк намоем, ки бе ширкати фаъолонаи оила расидан ба  ҳадафҳои бузурги давлатдорӣ мушкил аст.

Дар шаҳри Ҳисор бахшида Рўзи байналхалқии оила чорабинии мутантан бо иштироки раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зевар, аъзоёни оилаҳои намунавӣ, оилаҳои ҷавон, аҳли зиё ва фаъолон баргузор гардид. Пас аз шиносоӣ бо маҳсули дасти ҳунармандони шаҳр ва намоиши саҳнаҳои мансуб ба Рӯзи оила раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода дар ҳамроҳи бо меҳмонон ба 10 нафар падару модароне, ки кӯдакони навзод доранд ва ба чор ҷуфт ҷавононе, ки оила барпо мекунанд ҳуҷҷати таваллуд  ва варақаи акди никоҳро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Раиси шаҳр дар суханронии худ масъалаҳои марбут ба маърифати оиладориро бори дигар мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода таъкид бар он дошт, ки дар шароити кунунии иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ва пешрафти босуръати илму техникаи муосир ҳар як оиларо зарур аст, ки фарзандони солиму ҳунарманд ва босаводу бомаърифат тарбия намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста  таъкид менамоянд, ки «Падару модарон, ки сутуни хонавода ва ё оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир намоянд. Онҳо бояд як нуктаро ба инобат гиранд, ки фарзанди солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар мебошад».

Баъдан барномаи консертии аҳли санъаҳи шаҳр манзури аҳли нишаст гардид.

Дар чорабинии мазкур понздаҳ нафар занони ҳунарманд, ки аъзои ташкилоти ҷамъиятии “Ассосиатсия ҳунармандон” аз вилояти Суғд мебошанд ширкат варзида, маҳсули дастони худро манзури аҳолии шаҳр намуда, аз ҷойҳои таърихии шаҳри Ҳисор дидан намуданд.

Сокинони шаҳрро ба муносибати Рўзи байналхалыии оила    табрик намуда, барояшон хонаободӣ, тансиҳатӣ ва хушиҳои зиндагиро таманно дорем.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru