ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз614
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2844
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6577
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта16001
mod_vvisit_counterҲамин моҳ46449
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта66580
mod_vvisit_counterҲамагӣ1011142

Табрики Раиси шаҳри Ҳисор ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

http://www.zoofirma.ru/

Ҳамдиёрони азиз!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ҳастии ҷавононро дар ҷомеа чун қувваи азими бунёдкор ва ояндабахши миллат дарк намуда, дар роҳи татбиқи сиёсати ояндасозии ҷавонон, ҷалби онҳо ба таълими тарбия, дар замири онҳо ҷой ва парвариши эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, дӯстдории Ватан, ҷисману руҳан солим ба камол расидан ва тарғиби олитарин ҳадафҳои давлатдорӣ пайваста ғамхорӣ ва нақша-чорабинҳои соҳавиро тарҳрезӣ ва дар амал татбиқ менамояд.

Боиси ифтихор он аст, ки ҷавонони шаҳри Ҳисор дар партави нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳкими ғояҳои сулҳу оштӣ, ваҳдати миллӣ ба ҳам омада, барои ободониву шукуфоии Ҳисори зарнисор саҳми худро мегузоранд ва онҳо эҳсос намуданд, ки танҳо ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамдилӣ метавонад, ки кишварро ба сўи музаффариятҳо раҳнамоӣ кунад.  Ҷавонони шаҳр ташаббус ва нерӯи созандаи худро беш аз пеш ба манфиати рушди миллат ва давлат равона сохта, кӯшиш менамоянд, ки дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гардида, нерӯи эҷодиву илмӣ ва тафаккури созандаву бунёдкори худро густариш диҳанд, ҳамчун инсонҳои бедордилу ватанхоҳ ба таври доимӣ ҳифз ва ташаккули рушди кишварро таъмин намоянд, мероси таърихию фарҳангии  кишвари азизамонро ҳифз ва эҳё созанд.

Эътимод бар он дорам, ки насли ҷавону ояндасози шаҳр бо дарки амиқи шаҳрвандӣ арзишҳои маънавӣ, маърифати илмӣ, арзишҳои дирўзу имрўзи миллат, шоҳкориҳои олии зеҳниву маънавии аҷдодони худро ҳифз ва тақвият бахшида, барои ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол олами мубаррову диданиро бо нигоҳу тафаккур ва андешаи нав эҳдо хоҳанд кард.

Фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба ҷавонони саодатёри шаҳри Ҳисор табрику таҳният гуфта, барояшон саодату сарбаландӣ, азму иродаи созандагию бунёдкорӣ, олами саршор аз меҳру муҳаббати ҷавонӣ ва дастоварҳои беназир орзу дорам.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru