ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2175
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3119
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5294
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта16001
mod_vvisit_counterҲамин моҳ45166
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта66580
mod_vvisit_counterҲамагӣ1009859

Тантанаи ҷавонӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Бо такя ба фаъолияту корнамоӣ ва хираду масъулиятшиносӣ бо эътимод метавон баён кард, ки ҷавонони мамлакат, аз ҷумла насли наврасу ҷавони шаҳри Ҳисор дар роҳи амалигаронии дастуру ҳидояти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи сиёсати давлатӣ такягоҳи боэътимод ва амаликунанда мебошанд.  Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба масъалаҳои ҷавонон таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, ҳамкориро бо созмонҳои ҷавонон равнақ мебахшад ва маҳз маҳсули чунин дастгрию ҳамкори судманд он аст, ки имрӯз дар сохтори давлатӣ, бахусус мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нисбати солҳои пеш ҷавонон бештар кору фаъолият менамоянд ва таҷрибаи касбию рӯзгор меомӯзанд.

Ба мақсади таъмини шароити донишомӯзии наврасону ҷавонон солҳои охир мо ба таъмиру таҷдиди мактабҳо, сохтмони муассисаҳои таълимии наву замонавӣ, бунёди синфхонаҳои иловагӣ, компютерикунонии муассисаҳои таълимӣ аҳамияти бешгтар зоҳир намуда, дар шаҳр мавриди истифода қарор гирифтани Китохонаи замонавии дорои беҳтарин шароит нишони ғамхории Пешвои муаззами миллат ба китобу китобхонӣ фарогирии насли ҷавон маҳсуб меёбад.

Ба ҳузури шумо мерасонам, ки  теъдоди умумии ҷавонон ба ҳолати 1 январи соли 2019 107 ҳазору 905 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 5 ҳазору 793 нафар дар муасисаҳои олии кишвар таҳсил мекунанд. Аз шаҳри Ҳисор дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар ҳамагӣ 25 нафар таҳсил доранд.

226 нафар ҷавонон тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии кишвар дохил шуда, 171 нафар донишгоҳҳоро хатм ва  бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Барои қадршиносии донишу малака 10 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20 нафар бо стипендияи Раиси шаҳр қадршиносӣ мешаванд. Боварии комил дорам, ки ҷавонон чун идомадиҳандагони таъриху фарҳанги Ватани худ баҳри ободии кишвар, тинҷиву амонии мамлакат, рушди устувори иқтисодиёт ва пешрафти Тоҷикистон ҷаҳду талош намуда, ормонҳои волои худро чун ворисони арзандаи миллату давлат амалӣ менамоянд. – зикр дошт дар суханронии худ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода

Баъдан якчанд нафар ҷавонони шаҳр-гирандагони стипендияҳои Президентӣ, раиси шаҳр ва варзишгарону намояндагони касбу кори гуногун бо Сипоснома ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардиданд. Бояд тазаккур дод, ки варзишгарон бо панҷсад сомонӣ маблағ ва гирандагони стипендияи раиси шаҳр бо 900 сомонӣ маблағи идорорпулӣ қадршиносӣ шуданд.

Барномаи консертии аҳли ҳунар фарогири шеъру таронаи ҷавонию дӯстдории Ватан ва муҳаббат ба истиқлолияту ифтихор аз саодати рӯзгор буд.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба ҷавонони толеъбаланди шаҳри Ҳисор табрику таҳният гуфта, бо эътимоди комил ба фардои дурахшони мамлакати соҳибистиқлоламон ба ҷавонони бонангу номус ва ба кулли мардуми шаҳр саодату сарбаландӣ, азму иродаи созандагию бунёдкорӣ ва дастоварду комёбиҳои беназир таманно дорем.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru