Рӯзи қабули шаҳрвандони Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Даври чоруми рӯзҳои қабули шаҳрвандон ва мулоқоти Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ҳисор, Ориён ва санаи 12 июн дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод баргузор гардид.

Воқеан ҳам, баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон дар таҳкими пояи давлатдорӣ, робитаи бештари аҳли ҷомеа бо мақомоти маҳаллӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, иҷрои нақша чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи озмуни шаҳрии «Беҳтарин маҳали аҳолинишин» ва таҳияи дурнамои иқтисодию фарҳангии шаҳр заминаи боэътимод мегузорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба қабули Раиси шаҳр нисбати солҳои пеш мардум камтар муроҷиат менамоянд ва дар Рӯзи қабули шаҳрвандон 14 нафар сокинони ҷамоат ба раиси шаҳр муроҷиат карданд.

Кам гардидани шумораи муроҷиатҳо  нишони дуруст ба роҳ мондани фаъолият ва қонеъгардонии муроҷиату дархости шаҳрвандон маҳсуб меёбад ва дар як вақт раиси шаҳр масъулонро вазифадор намуд нисбати шикоятҳо, аризаҳо, пешниҳодҳои шаҳрвандон ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» бештар масъулиятшинос бошанд ва робитаю ҳамкории худро бо сокинони маҳал беҳтар ба роҳ монанд.

Баъдан дар маҷлисгоҳи кооперативи тиҷоратии “Латиф Муродов” мулоқоти раиси шаҳр бо сокинони ҷамоат баргузор гардид ва  роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Шарифӣ Б. Ҳ. Аз натиҷаи баррасии муроиҷати шаҳрвандон аз санаи 26 апрели соли 2018 ва иҷрои супоришҳои протоколии мулоқоти раиси шаҳр бо сокинон маълумот дод.

Раиси шаҳр фаъолияти дастгоҳи раиси ҷамоатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар суханронии худ дар назди масъулон вазифаҳои мушаххас гузошт.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru