ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз961
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3446
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта9528
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта38222
mod_vvisit_counterҲамин моҳ56873
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта122057
mod_vvisit_counterҲамагӣ2037093

Натиҷаҳои назаррасанд

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

(ҷамъбасти фаъолияти рушди  иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2019)

Дар толорои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти рушди  иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2019 баргузор гардид, ки дар кори он раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ва муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқибекзода Завқӣ Амин иштирок намуданд.

Оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2019 муовини раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор маъруза намуд ва мавсуф зикри он дошт, ки;

Натиҷаҳои ҷамъбасти нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ба рушди иқтисодӣ як қатор нишондиҳандаҳо аз ҷумла, афзоиши маҳсулоти саноатӣ 15,0 фоиз кишоварзӣ 5,7 фоиз, гардиши савдои чакана 41,7 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 4,9 фоиз мусоидат намуд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қисми умумии даромади буҷети шаҳр 104,5 фоиз таъмин гардида, ба он 86,0 млн сомонӣ (нақша 82,2 млн сомонӣ) ворид гардид, ки нисбат ба нақша 3,8 млн сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 10,0 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботи нақшаи воридоти андози маҳаллӣ  аз ҷониби мақомоти андоз 103,4 фоиз таъмин карда шуда, ба буҷет 61,9 млн сомонӣ  (нақша 59,8 млн сомонӣ) таъмин карда шуда,  нисбат ба нақша 2,1 млн сомонӣ ва нисбат хамин давраи соли 2018 ба маблағи 10,8 млн сомонӣ  зиёд  мебошад.

Дар давраи ҳисобти  гардиши савдои чакана бо нархҳои муқоисавӣ  726,2 млн сомониро ташкил намуда, ҳаҷми иҷрои хизмати пулаки ба аҳолӣ 73,2 млн  сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои солҳои дахлдор 104,9 фоиз ва бо индекси нархҳо 102,0 фоизро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба воситаи бонкҳои молиявӣ ва ташкилотҳои қарзии ҳудуди шаҳр барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ  дар бахшҳои кишоварзӣ 18,3 млн сомонӣ, тиҷорат 47,1 млн  сомонӣ, истемолӣ 30,7 млн  сомонӣ  дар маҷмўъ,  ба маблағи 96,2 млн.  сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, маблағи  20,0 млн сомонӣ зиёд аст.

Теъдоди умумии корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр ба ҳолати 1 июли соли 2019 63 адад буда,  нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 5 адад зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Дар корхонаҳои саноатии шаҳр дар давраи ҳисоботи 1615 нафар кор ва фаъолият дошта, нисбати ба ҳамин давраи соли 2018 297 нафар зиёд мебошад.

Корхонаҳои саноатии шаҳр бо назардошти тадқиқотҳо бо нархҳои амалкунанда дар ин давраи ҳисоботи ба маблағи 99,9 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018  маблағи 13 млн  сомонӣ зиёд мебошад.

Фаъолияти истеҳсолии кишоварзони шаҳри Ҳисор  руй ба афзоиш дошта, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 214 млн. 526 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 млн. 519 ҳазор сомонӣ зиёд гашта, 105,7 фоизро ташкил менамояд.

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ дар самти растанипарварӣ 116 млн. 342 ҳазор сомонӣ ва дар самти чорводорӣ 98 млн. 185 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки ин нишондод нисбатан дар соҳаи растанипарварӣба андозаи 8,9 фоиз ва чорводорӣ 2,1 фоиз афзоиш дорад.

Мувофиқи маълумотҳои ҷамъбастӣ дар майдони 2500 гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки ин 100 фоизи дурнамои киштро таъмин намудааст.

Давоми моҳҳои январ-марти соли 2019 дар таълимгоҳҳои шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати дохилшавии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилотӣ ба донишкадаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ тариқи Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шуда, то санаи 1 июни соли ҷорӣ 2677 нафар, аз ин 1000 нафар духтарон ба ММТ  ҳуҷҷат супориданд, ки нисбати соли гузашта 215 нафар зиёд мебошад. Инчунин 20 нафар тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил шуданд.

То оғози соли хониши 2019-2020  сохтмони 86 синфхонаи иловагӣ ба нақша гирифташуда, то имрӯз қарор раиси шаҳр ва иҷозатнома барои сохтмони синфхона дар назди муассисаҳои №№ 36, 38, 39,41, 43, 48, 50, 60,65, 73, 77,82,83,90, 102,109 дар ҷамоатҳои деҳоти Деҳқонобод, Хонақои Кӯҳӣ, Навобод, Мирзо Ризо, Мирзо Турсунзода, Алмосӣ, Ориён, Дурбат, шаҳраки Шарора ба тасвиб расида, 3 муассисаи таъмирталаб, ки дар онҳо таъмири капиталӣ – мустаҳкам намудани девор (МТМУ №101 Ҷамоати деҳоти Навобод), (МТМУ №102 Ҷамоати деҳоти Ориён), ивази бом ва мустаҳкам намудани соҳил (МТМУ №90 Ҷамоати деҳоти Ҳисор) корҳо оғоз гаштаанд.

Барои сохтмони 86 синфхонаҳои иловагӣ ва муассисахои тиббӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳр дар маҷмуъ 885 ҳазор адад хишт, 835 куб қум, 670 куб сангреза ба нақша гирифта шуда, то имрӯз иҷроиши хишт – 310 ҳазор  ё 35,3 %, қум – 361 куб ё 43,2%, сангреза – 300 куб ё 44,7 % -ро ташкил медиҳад.

Ҷавонон ва варзишгарони шаҳр дар 33 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби 14 ҷойҳои намоён (тилло), 9 ҷойи дуюм, ва  10 ҷойи  сеюм гардиданд...”

Баъдан раиси шаҳр андешаҳои худро ҷиҳати тиқвияти фаъолият дар ҳама самтҳои хоҷагидорӣ иброз намуда, фаъолонро вазифадор намуд, ки дар роҳи иҷрои вазифа ва нақшаҳои соҳавӣ бештар масъулиятшинос бошанд.




 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru