ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2326
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2430
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта14437
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта16761
mod_vvisit_counterҲамин моҳ52738
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта66580
mod_vvisit_counterҲамагӣ1017431

Забони модариро пос доред

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Бо иштироки раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳа, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, аҳли зиё ва омӯзгорони шаҳр рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди омӯзиш қарор гирифт. Шарофзода Гавҳар дар назди ҳозирин маърӯза намуда, рафти иҷрои қонуни мазкур ва мушкилоти дар ин самт мавҷудбударо мавриди таҳлил қарор дода, ба аҳли толор ва масъулони соҳа ҷиҳати бузургдошти забони давлатӣ дастуру вазифаҳои мушаххас пешниҳод намуд.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода бузургдошт ва эҳтиром забони давлатиро ёдрас намуда, зикри он дошт, ки умри миллат ба умри забон вобаста аст ва бо шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатиро касб намуда, он чун забони қудратманд ва баёнгари таърихи имрӯзу фардои миллат ва тамаддуни халқ шуҳратёр гардидааст.

Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти маҳаллӣ маҳсуб ёфта, корҳо дар ин самт мунтазам амалӣ мегардад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru