ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3797
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта4657
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта28412
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта36022
mod_vvisit_counterҲамин моҳ37535
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта122057
mod_vvisit_counterҲамагӣ2017755

Баргузории иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати панҷум

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар кори он муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қиёмиддин ва ҳамчунин роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсат, шуъбаю бахшҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, маҳаллаҳо роҳбарони ташкилотҳои шаҳрӣ  ширкат намуданд.

Ба кори иҷлосия раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода оғоз бахшида, пас аз интихоби ҳайати котибот вакилонро бо рӯзномаи иҷлосия шинос намуд.

Оид ба масъалаи якуми рӯзнома «Дар бораи ҳисоботи комиссияи мусоидати барўйхатгирии аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор»  муовини якуми раиси шаҳр  Исматуллозода А. ҳисобот дод ва баъдан масъалаҳои «Дар бораи ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор оид ба риояи қонуният ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон”,  «Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор аз ҳавзаи интихоботии “Туда” №34 оид ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ», «Дар бораи табдил додани муассисаи таҳсилоти ибтидоии № 109 ба муассисаи таҳсилоти асосӣ», «Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи муфассали таҳрезии маҳаллаҳо ва деҳаҳои ҳудуди шаҳр» ва   «Тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Ҳисор» аз ҷониби вакилон мавриди баррасӣ ва тасдиқ қарор гирифт.

Бо садо додан Суруди миллӣ  кори иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати панҷум ба анҷом расид.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru